Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи "терроризм" таҳқиқ мешавад


Ҳодиса шаби 12-уми март дар инҷо сурат гирифтааст.

Ҳодиса шаби 12-уми март дар инҷо сурат гирифтааст.

Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиши шаби 12 март дар рӯ ба рӯи додситони низомии шаҳри Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи "терроризм"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Дар пайи ин таркиш посбон Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ҷон бохт. Як муфаттиши Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз таҳқиқ ниҳоӣ нашудааст ва мушаххас нест, оё ин таркиш кори дасти посбон будааст, ё ӯ қурбони ин ҳодиса шудааст.

Нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд.

Муфаттишони Додситонии кулл ва намояндагони сохторҳои дигари интизомии Тоҷикистон низ идомаи таҳқиқи ҳодиса аз тарафи комиссияи махсусро тасдиқ карданд. Як манбаъ дар Додситонии кулл рӯзи 14 март гуфт, фарзияи маҳками онҳо ин аст, ки маводи мунфаҷира ба қурбонии ин таркиш – марди 67-солаи сокини Қӯрғонтеппа марбут набуд.

"Тамоми тафсилот ва ҳам хулосаҳои тафтишот, ба эҳтимоли зиёд, рӯзҳои наздик мушаххас ва дар ихтиёри ҷомеа гузошта мешавад", - афзуд ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 март бо пахши хабаре гуфт, ки соатҳои тахминан нӯҳуними шаби якшанбе дар рӯбарӯи Додситонии низомии вилояти Хатлон дар маркази Қӯрғонтеппа маводи мунфаҷирае таркидааст. Маҳалли таркиш ҳамоно дар иҳотаи ходимони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ буда, наздик шудан ба ҷои ҳодиса ба журналистон ҳам иҷоза дода нашудааст.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки тифлашро ба кӯдакистони наздик ба маҳалли таркиш бурдааст, гуфт, ин муассиса низ таҳти назорати шадид буда, вуруди афроди бегона манъ аст. Як посбони идораи давлатӣ дар Қӯрғонетппа дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз ҳодисаи шаби якшанбе дар идораи онҳо ҷаласаи махсус баргузор шуд ва аз ӯву посбонҳои дигар тақозо гардид, ки дар иҷрои масъулиятҳои худ ҳушёр бошанд ва аз вуҷуди ҳар чиз ё шахси машкук мақомотро огоҳ кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, рӯзи 12 март, Ҳасанбой Раҳмонов, сокини 67-солаи вилояти Хатлон дар натиҷаи таркиши “лавозимоти дар дасташ буда” ба ҳалокат расидааст. Пештар аз баёнияи Вазорати умури дохилӣ, баъзе аз матбуоти дохилӣ дар Тоҷикистон навиштанд, ки гӯё марде худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа тарконидааст, вале мақомоти интизомии шаҳр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари “худро тарконидани мард” дуруст нест ва таҳқиқот идома дорад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳодисаи таркиши марде дар маркази вилояти Хатлон идома дорад ва эҳтимол ба зудӣ ҷузъиёти ин инфиҷор рӯшан шавад. Вай гуфт, ки "ҳоло бозрасон шахсият ва дӯстони Ҳасанбой Раҳмонови 67-соларо мушаххас мекунанд. Ҳамчунин телефони мобили ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҳамаи тамосҳои рӯзҳои охири ин мард муайян карда мешавад. Ҳанӯз барои хулосаи ниҳоӣ кардани сабабҳои ин инфиҷор барвақт аст.”

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳ ва ё фарде дар робита ба ҳодисаи шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа изҳори назар накардааст. Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи "Ансоруллоҳ" масъули ин ҳамла будааст.

Аммо дар робита ба ҳодисаи шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа мақомот эҳтимоли ҳамлаи интиҳориро баъид медонанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳои тафтишотро баъдан эълон хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG