Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо он ки хисорот бар асари сӯхтор ва таркиши маргбор дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 135 ҳазор сомонӣ, муодили 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, аммо то кунун ба осебдидагон кӯмаки молӣ ироа нашудааст.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар рӯзи сешанбеи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ хисороти ҳодисаи сӯхтор ва таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар қаламрави ноҳияро арзёбӣ кардаанд, аммо то кунун ба афроди осебдида кӯмаки молӣ ироа нашудааст.

Ҷаноби Ғаффор мегӯяд, додситонӣ бояд зарари расида бар асари сӯхтор ва таркишро дақиқ кунад ва он гоҳ ба осебдидагони ин ҳодиса кӯмаки молӣ карда мешавад. Бар асари таркиш дар нуқтаи бензинфурӯшии воқеъ дар ҷамоати "Бӯстонқалъа"-и ноҳияи Бохтар рӯзи 9 июл Алихон Малахови 35-сола, сокини шаҳри Сарбанд фавтида ва 21 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бештари онҳо ноболиғ ва бошандагони деҳаи наздики нуқтаи фурӯши сузишворӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол худи сокинон аллакай хисороти моддии дар паи таркиш ба онҳо расидаро ҳисоб кардаанд. Файзалӣ Тӯраев, як сокини зарардидаи ноҳияи Бохтар, ки манзилаш дар масофаи 200 метр аз нуқтаи сӯзишворӣ қарор дорад, мегӯяд, ин ҳодиса на танҳо ба манзилу амволи онҳо зарар расонидааст, балки худу ҳамсар ва ду фарзандаш аз гармии оташи таркиш сӯхта осеб дидаанд, ки ниёз ба табобат доранд.

Ҷаббори Ғаффор

Ҷаббори Ғаффор

Ҷаноби Тӯраев зарари ворида ба хонаводаашро бештар аз 3000 сомонӣ, муодили ҳудуди 400 доллари амрикоӣ арзёбӣ карда гуфт: "Ҳама табобатро худамон кардем, дорую уколро худамон харидем, онҳо дар ҳамин таркиш сӯхтанд, шишаҳои тирезаҳоямон шикастанд, дархатонамон хушк шудаанд".

Мақомот афродеро, ки дар натиҷаи сӯхтори баъди таркиш осеб дидаанд, 21 нафар мегӯянд. Худи сокинон мегӯянд, дар асл нафарони бештар осеб дида, ҳадди аққал 20 хонаи истиқоматӣ ҳам қисман зарар дидаанд. Инчунин ду тарабхона ва ду мағоза низ аз оташ осеб дидаанд.

Гадомат Шарипов, сардори идораи “Тоҷиксуғурта”-и вилояти Хатлон гуфт, ки ин ниҳод ба он афроди зарардидае, ки суғурта ё бима шудаанд, кӯмаки молӣ хоҳад кард: "Ҷои ҳодиса рафта дидем, ки касоне, ки шартнома доштанд, кӯмакашон мекунем. Шартномаи суғуртавӣ дорем, то 1500 сомонӣ ба онҳо кӯмак мекунем, ҳар лаҳза омода ҳастем, ки ба нафароне, ки суғурта доранд, кӯмак расонем."

Дар ҳамин ҳол масъулони Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки хулосаи баровардаи онҳо ин аст, ки гунаҳгори асосӣ дар ин таркиш Далер Мадбобоев, ронандаи "Дулан" ва як сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қурғонтеппа будааст.

Мулоҳит Рӯзиев, раиси Хадамоти оташнишонӣ гуфт, Далер Мадбобоев, як ронандаи “Дулан” ба ҳангоми холӣ кардани гази моеъ лӯлаи газ аз дасташ афтидааст. Дар паи ин оташак парида, аввал сӯхтор ба амал омада баъдан таркиш рух дод.

Ҷаноби Рӯзиев иқрор шуд, ки маъмурони оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса дер расидаанд: “Бояд росташро бигӯем, кормандони мо дер расиданд, роҳ банд буд, натавонистаанд зуд бирасанд, вале зуд расидани онҳо ҳеҷ фоида надошт, чун он ҷо газ буд ва дар сурати наздик шудан натанҳо ба мошинҳо зарар мерасонид, балки эҳтимоли марги кормандони мо низ вуҷуд дошт, чун газ оташ гирифта будааст.”

Гумонбари аслии рух додани ҳодиса Далер Мадобоев ва молики нуқтаи фурӯши сузишворӣ ҳозир нашуд бо радиои Озодӣ дар ин бора сӯҳбат кунад.

Ин аввалин ҳодисаи таркиши маргбор дар нуқтаи фурӯши газ дар Хатлон нест. 9 июн, расо як моҳи қабл дар маркази ноҳияи Данғара як ҳолати таркиши нуқаи сӯзишворӣ аз беэҳтиётии ронанда рух додааст, ки дар натиҷа ронанда фавтида, зарари моли 138 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Зимнан, танҳо дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз 20 нуқтаи фурӯши газ наздик ба хонаҳои мардум бунёд шудааст. Масъулин ба моликони онҳо дастур додаанд, ки деворҳои зидисухторӣ бисозанд ва аз эҳтиёт кор бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG