Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Қӯрғонтеппа як нафар ҳалок шудааст


Бино ба гузоришҳо, бар асари таркиш дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард ҳалок шудааст. Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса соати 9-и шаби 12 ба 13 март дар кӯчаи Айнӣ дар наздикиҳои бинои додгоҳӣ ҳарбӣ, додситонии низомӣ ва зиндони вилоятӣ рух додааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин шахс дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Бархе аз расонаҳои дохилӣ менависанд, ки ин мард худро тарконидааст, вале ангезаи ба ин кор даст задани ӯ маълум нест. Як мақоми раёсати умури дохилии Қӯрғонтеппа гуфт, ки ҳоло сабабҳои таркиш таҳқиқ мешавад ва "гуфта наметавонем, ки ин мард худро таркондааст." Сокини кадом ноҳияи Хатлон будани ин шахс низ то ба ҳол эълон нашудааст, аммо бархе аз манобеъ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ин мард Х.Р ном бурданд.

Мақомоти пулис ҳам тасдиқ карданд, ки ин марди 65-сола посбони Литсейи техникии шаҳр будааст ва дар таркиш ангуштони дасташ аз тан ҷудо шудаанд. Ба гуфтаи пулис, ин фард дар натиҷаи таркиши абзори таркандаи худсоз ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG