Пайвандҳои дастрасӣ

25 сол ҳукми зиндони сокини Панҷ, ки мехост театри операро битарконад


Шаҳриёр Тӯрахонов, сокини 21-солаи ноҳияи Панҷ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Толибон ва омодагӣ ба таркондани театри опера ва балети шаҳри Душанбе ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон Шаҳриёр Тӯрахонов, сокини 21-солаи деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи тундрави Толибон ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси ин парванда рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Шаҳриёр Тӯрахонов ҳафтаи гузашта содир шуд.

Ба гуфтаи оқои Муҳиддинзода, Шаҳриёр Тӯрахонов, миллаташ тоҷик, моҳи июли соли гузашта аз ноҳияи Панҷ ғайриқонунӣ марзи кишварро убур намуда, дар Афғонистон ба гурӯҳи Толибон пайвастааст. Ӯ афзуд, ин ҷавон муддати се моҳ дар Афғонистон машқҳои низомӣ, ба шумули бамбгузорӣ ва ҳатто ҳамлаҳои интиҳориро омӯхта ва ба Тоҷикистон баргаштааст.

Шаҳриёр Тӯрахонов дар моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи мақомоти интизомӣ дар зодгоҳаш боздошт шудааст. Ин ҷавон қабл аз рафтанаш ба Афғонистон, низ мавриди пайгарди мақомот қарор доштааст.

Додраси парванда гуфт, ки Шаҳриёр Тӯрахонов чанд моҳ қабл аз сафараш ба Афғонистон, тариқи шабакаи Одноклассники бо як нафар бо номи Умар шинос шудааст ва ин нафар ӯро ба ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон, даъват кардааст.

Бино ба натиҷаҳои тафтишот, дар қаламрави Афғонистон Шаҳриёрро Мустафо ном ҷангии тоҷик аз Исфара, ки муддати 12 сол дар суфуфи Толибон қарор дорад, тамрини низомӣ дода ва ба ӯ дастур додааст, то ба Тоҷикистон баргардад ва амалҳои тахрибкорона анҷом диҳад.

Шаҳриёр дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки бо дастури Толибон ва Мустафо, ӯ барои тарконидани театри Опера ва балет дар шаҳри Душанбе муваззаф шудааст. Тафтишот мегӯяд, ки Шаҳриёр Тӯрахонов ҳамчунин иқрор шудааст, ки Мустафо ба ӯ гуфтааст, ки баробари расидан ба Душанбе, шахсе бо номи Абӯбакр ба ӯ тамос барқарор карда ва маводи таркандаро барояш медиҳад ва “ту сипас аз пайи кор мешавӣ.”

Додгоҳ мегӯяд, ки аз сӯҳбатҳои Шаҳриёр маълум шудааст, ки ду нафари дигарро низ ин гурӯҳ дар Афғонистон барои таркиш дар Китобхонаи миллӣ ва Қасри миллат дар шаҳри Душанбе муваззаф кардаанд, ки номи як нафари онҳо барои мақомот маълум аст.

Фатҳиддин Пиров, вакили дифоъ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки то рӯзи мурофиа аз Шаҳриёр Тӯрахонов бо дархости додгоҳи вилоят ҳимоя кардааст, имрӯз, 15 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш метавонад аз рӯи ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ муроҷиат кунад ва ба худ вакили дигаре пайдо намояд. Аммо ӯ аз гуфтани сабаби дасткашӣ аз ҳимояи Тӯрахонов худдорӣ кард ва гуфт, ки ин як сир аст ва дар ин маврид сӯҳбат намекунад.

Ба гуфтаи Бахтиёр Олимов, раиси маҳалаи Пахтакор вақте Шаҳриёр аз деҳа нопадид шуд, хоҳари ноболиғаш мегуфт, ки дар Душанбе мардикорӣ мекунад, аммо чанде пас пулис ба деҳа ба ҷустуҷӯи ӯ омад ва маълум шуд, ки ӯ худро Алиризо ном кардааст. Шаҳриёр ҳанӯз дусола будааст, ки модараш аз падараш ҷудо шудааст. Модараш дар муҳоҷират будааст ва Шаҳриёр бо хоҳар ва бибиаш зиндагӣ мекардааст.

Менсара Донаева, бибии 72-солаи Шаҳриёргуфт, ки набераашро зиндонӣ кардаанд, аммо ӯ натавонистааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кунад ва танҳо Зуҳро -- хоҳари ноболиғи ӯ иштирок кардааст: "Намедонам чӣ гуноҳ кардааст, вале модараш низ, ки дар Русия ҳаст, огоҳ шуд, вале омада натавонист, ман дар мурофиа набудам, гуноҳашро намедонам."

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз соли 1996 то поёни соли 2001 дар Афғонистон як режими мабнӣ бар меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд. Режими Толибон баъди ба ин кишвар ворид шудани нирӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд, вале ҷангиёнаш то ҳол муқовиматро алайҳи нирӯҳои ҳукумати кунунии Афғонистон идома медиҳанд. Толибон дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Амрико ва Тоҷикистон ба рӯйхати гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG