Пайвандҳои дастрасӣ

Аштон Картер, вазири дифои Амрико, мегӯяд, ки нерӯҳои низомӣ ва эътилофи таҳти раҳбарии кишвараш баъди озодсозии Мавсил низ бояд барои муқобила бо ифротиён дар Ироқ бимонанд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир поксозии дувумин шаҳри бузурги Ироқ аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" идома дорад. Рӯзи 17 октябри имсол нерӯҳои давлати Ироқ ва Пешмаргаҳои курд амалиёти ҳуҷум ба Мавсилро, ки аз соли 2014 боз таҳти назорати ДИИШ қарор дорад, оғоз карданд. Аз ҳаво ба ин нерӯҳо эътилофи таҳти назорати Амрико кумак мекунад. Ин амалиёт, он тавр ки тақрибан пешбинӣ мешуд, ҳоло бо мушкилоте монанди бомбгузорӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ, асиргирӣ ва камбуди шадиди обу ғизо барои мардуми шаҳр рӯ ба рӯ шудааст. Бо ин ҳол, Аштон Картер гуфт, ҷангҷӯёни ДИИШ дар масири нобудӣ қарор доранд. Вай афзуд, "аммо ҳанӯз хеле чиз монда, ки бояд анҷом дод. Барои онки мутманин шавем, пас аз шикасти ДИИШ шибҳанизомиён дубора қудрат нахоҳанд гирифт".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG