Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди раҳбарияти "Қирғизтелеком" парванда боз шудааст


Додситонии кулли Қирғизистон зидди раҳбарияти ширкати "Қирғизтелеком" барои бастани шартномаи ғайриқонунии харидории Интернет бо моддаи "Сӯистифодаи кормандони ташкилотҳои тиҷорӣ" парванда боз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Эмил Эшоналиев, мудири "Қирғизтелеком" дар асоси талаби якҷонибаи ширкати хориҷӣ оиди баланд бардоштани арзиши хизматрасониҳои дастрасӣ ба Интернет қарордоди зиёновареро имзо кардааст.

29 июли соли 2016 бо ширкати "К.Т.К" ва 1 августи соли 2016 бо "G.К.S.G" қарордоди ироаи хизматрасониҳои дастрасӣ ба Интернет бо пардохти моҳона барои ҳар як ширкат дар ҳаҷми 210 ҳазор доллар (30 доллари ИМА барои 1 Мбит/с) ба муҳлати як сол имзо шудааст.

Дар ҳоле ки бар пояи қарордоди пешакӣ ширкати G.К.S.G хизматрасониҳои дастрасӣ ба Интернетро бо пардохти моҳона дар ҳаҷми 180 ҳазор доллар (13,84 доллар барои 1 Мбит/с) фароҳам мекард. Аз ин рӯ, арзиш ва тарофаҳо наметавонистанд ба таври якҷониба то 31 декабри соли 2016 боло бурда шаванд.

Дар натиҷаи имзои қарордодҳои мазкур бо ширкати G.К.S.G ва "К.Т.К" 275 ҳазор доллар зиёд пардохт шудааст, ки хилофи талаботи қонун "Дар бораи хариди давлатӣ"-и Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG