Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро маҳбусҳо аз зиндон фирор мекунанд?


Акси Амонуллоҳхон Носирӣ аз вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Акси Амонуллоҳхон Носирӣ аз вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Амонуллоҳхон Носирӣ, маҳбусе, ки баъд аз зӯҳри 24 ноябр аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд фирор карда буд, дар ҳудуди ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара боздошт гардид. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 28 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ин маҳбус аз паноҳгоҳе дар Исфара пайдо ва дастгир шуд. “Амалиёти боздошт то шоми шанбе ҷараён гирифт. Ҳоло сабабҳои фирори Амонуллоҳхон аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳқиқ мешавад”, - афзуд ӯ.

Коршиносон мегӯянд, ҳукмҳои тӯлонии зиндон ва ноумедӣ аз оянда бархе аз маҳбусонро ба фирор аз зиндон водор мекунад.

Амонуллоҳхон чаро гурехт?

Амонуллоҳхон Носирӣ, сокини 26-солаи Шӯртанги Исфара, бо ҷурми ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда ва аз ин мӯҳлат се солашро паси сар кардааст. Ба иттилои мақомот, ӯ пеш аз ин, ду бор доғи судӣ гирифта буд.

Сабаб ва ангезаҳои фирори Носирӣ аз маҳбас ҳанӯз маълум нест, ҳамон тавре, ки феълан хешовандон ва ё вакили дифои ин зиндонӣ барои шарҳи қазия ва вазъи ҳоли ӯ дастрас нестанд. Инчунин, то ҳол барои матбуот ҷузъиёти дигари марбут ба шахсияти Носирӣ мушаххас нест. Танҳо маълум аст, ки аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, барои фирор аз зиндон ӯро муҳокимаи нави судӣ ва солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Ҳодисаи дувуми фирор дар панҷ моҳ

Зиндони рақами 3/3 дар Хуҷанд

Зиндони рақами 3/3 дар Хуҷанд

Дар панҷ моҳи охир ин ҳодисаи дувуми фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд буд. Моҳи июни имсол аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карданд. Онҳо ҳангоми фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд куштанд.

Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад, вале пас аз чанд рӯз зимни муқобилият бо кормандони пулис кушта шуд.

Чаро маҳбусон фирор мекунанд?

Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев

Коршиносон мегӯянд, ҳукмҳои тӯлонии зиндон ва ноумедӣ аз оянда бархе аз маҳбусонро ба фирор аз зиндон водор мекунад. Аз сӯи дигар, эҳтимоли дар дохили зиндон бад будани ҳолати ин маҳбус ва аз тарафи зиндониҳои дигар азият шуданаш метавонад шахсро ба нақшаи фирор бибарад.

Маҳмурод Одинаев, падари як зиндонӣ ва узви Эътилофи зидди шиканҷа, мегӯяд, ҳукмҳои тӯлонӣ ва бо вуҷуди шикоятҳои ба такрор тағйир наёфтани ҳукм маҳбусонро ноумед мекунад. “Аммо андешаи фирор аз маҳбас як кори нодуруст аст. Онҳо набояд дар чунин фикр бошанд ва хуб дар хотир дошта бошанд, ки ягон маҳбуси фирорӣ ба мақсад нарасидааст. Бояд давраи ҷазоро пушти сар кунанд ва аз рӯи қонун кор баранд”, - гуфт ӯ.

Вақте ҳарос аз ҷавобгарӣ нест...

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов

Ҳуқуқдони тоҷик Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ҳадаф аз зиндонӣ шудани шахсе, ки қонунро поймол кардааст, “тарбия, ислоҳ ва ба роҳи қонун рӯ овардани шахс аст”. Вай мегӯяд, аз рӯи мантиқи қонун, вақте як маҳбус дар фикри фирор аз зиндон мешавад, бояд донад, ки ӯ дубора фикри ҷиноятро мекунад.

"Ин ки онҳо афв шуданду мо не, ин нодуруст аст. Набояд ҷиноят содир кард. Ҷиноят содир кардӣ, бояд назди қонун ҷавоб гӯӣ. Вақте ҳарос аз ҷавобгарӣ нест, мебахшед, одамхӯрӣ мешавад. Гурехтан ва интизори афв шудан роҳи ҳал нест", - афзуд ҳуқуқдон.

Кадом маҳбус андешаи фирор дорад?

Маҳбусони собиқ мегӯянд, аслан ба фирор он маҳбусоне даст мезананд, ки фикр мекунанд, дигар ҳеҷ роҳе надоранд. Як маҳбуси собиқ, ки нахост номашро зикр кунем, 28 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша миёни як қишри маҳбусон нақшаи фирор дар сар ҳаст. Ин қишри маҳбусон, ба гуфтаи ӯ ислоҳнашавандаанд.

“Онҳое дар сар ҳамеша андешаи фирор доранд, ки ё ҳукми абад гирифтаанд ва ё бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд. Онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд, мегӯянд, аз фирорашон чизе бой намедиҳанд. Агар озод шуданд - хуб, вагарна боз ҳабс мешаванд. Гурӯҳи террористон аз рӯи ақидаашон, ки бояд аз зиндон гурехт, нақшаи гурехтанро мекашанд. Аз рӯи моддаҳои дигар ҳам агар маҳбус гурезад, он зери таъсири ҳамон ифротиҳо мегурезад, чун худаш бо дигар ҷиноят нишаста, аллакай ифротӣ шудааст”, - гуфт ӯ.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, дигар ҷинояткорон мунтазири ба охир расидани мӯҳлати ҳабсашон мемонанд ва ҳеҷ гоҳ талоши фирор аз маҳбасро намекунанд.

Фирори 25 маҳбус

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд. Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG