Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сол баъд аз "табаддулот"-и Ҳоҷӣ Ҳалим


Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон

Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон

Аз ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе як сол гузашт. Фақат дар рӯзи аввали ин ҳодиса 17 нафар кушта шуданд. Ин рақам то поёни амалиёти зидди Ҳоҷӣ Ҳалим дар Ромит ва ҳамроҳонаш бо шумули худи ӯ ба 39 нафар расид.

Аммо ин ҳодиса бо марги "Ҳоҷӣ Ҳалим" поён наёфт. Мақомот мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 200 тан аз тарафдорони муовини пешини вазири дифоъ боздошт шуда, иддае аз онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд ва бархеи дигар ҳанӯз дар интизори ҳукми худанд.

Бо гузашти як сол аз таҳаввулоте, ки мақомот онро "кӯшиши табаддулоти давлатӣ" унвон карданд, солҳои бисёре ҳанӯз беҷавоб мондаанд. Парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва тарафдоронаш ба таври пӯшида ҷараён гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз иттилоъ надорад, ки муовини собиқи вазири дифоъ чӣ мехост ва чаро ба кӯҳ фирор кард?

Нуралишоҳ Назаров

Нуралишоҳ Назаров

Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди беҷавоб мондани ин саволҳо, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим фазои сиёсии Тоҷикистонро то ва баъди ин ҳодиса тақсим кард ва ба бахшҳои амнияту дифоъ асар гузошт. Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини пешини вазири корҳои дохилӣ ва муовини собиқи сардори нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, ошӯби "Ҳоҷӣ Ҳалим" пеш аз ҳама сабақе барои мақомоти интизомӣ, қудратӣ ва дар маҷмуъ ҳукумати Тоҷикистон шуд.

"Амалиёти як соли пеш, воқеан, сохторҳои қудратии Тоҷикистонро ҳушёртар кард ва онҳо назорат аз болои гурӯҳҳои тахрибкор ва баҳамзанандаи вазъро бештар карданд. Ҳоло гурӯҳи дигаре ба мисли Абдуҳалим Назарзода дар дохили Тоҷикистон нест, ки нооромиро ба бор орад ва даст ба табаддулоти давлатӣ занад," – афзуд ӯ.

Мақомоти тоҷик дар лаҳзаҳои аввал ошӯби "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро заъфу бепарвоии ниҳодҳои интизомиву қудратӣ донистанд ва дар пайи он тамоми муовинони вазири дифои Тоҷикистон иваз шуданд. Генерал Нуралишоҳ Назаров низ мегӯяд, "ҳеҷ кас гумон надошт, ки Абдуҳалим Назарзода ба ҳайси шахси низомӣ, давлатӣ ва доро ба давлату миллат хиёнат мекунад ва кишварро ба як муддати кӯтоҳ ноором менамояд."

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Коршинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, сарчашмаи ин ҳодиса, ки ба қавли мақомот аз терроризму ифротгароӣ об мехӯрад, боиси комилан аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани мухолифон дар кишвар шудааст. Муллоҷонов гуфт, пас аз ин амалиёт танҳо ҳизби мухолиф ва он ҳам динии наҳзати исломӣ баста ва ҳатто террористӣ эълон гардид ва “ҳамакнун дигар аз мухолифин дар кишвар садое шунида намешавад”.

Ин таҳлилгар мегӯяд, “воқеан, пас аз ин амалиёт фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон дигар шуд. Мақомот назоратро шиддат бахшида ва намегузоранд, то дигар ин гуна ҳодисаҳо такрор шавад.”

Иззат Амон, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, низ мегӯяд, ин ҳодиса дасти ҳукуматро барои саркӯби мухолифону мунтақидонаш дароз кардааст. Вай мегӯяд, «бурди ҳукумат баъд аз ин ҳодиса на танҳо бастани ҲНИТ, балки чизе бештар аз бастани ҲНИТ ва ё якчанд ҲНИТ буд. Яъне, барои панҷ ё даҳ соли оянда низ ҳар касе дар кишвар сар баланд кунад, бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва экстремизм садояш хомӯш карда хоҳад шуд.”

Иззат Амон

Иззат Амон

Мақомоти Тоҷикистон ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро кори дасти раҳбарияти ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дониста, натанҳо фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ карданд, балки 14 узви раёсати олӣ ва шӯроии сиёсияшро ба муддатҳои тӯлонӣ аз ҷумла ду нафари онҳоро ба ҳабси абад фиристоданд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳӣ олӣ дар нишасти ахири хабарияш дар моҳи июли имсол гуфт, ки дар робита ба ошӯби "Ҳоҷӣ Ҳалим" даҳ мақоми ниҳодҳои интизомиву қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла як мақоми баландпоя низ ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо вай ба далели махфӣ будани ин парванда ва мурофиа аз баёни ному насаби ин афрод худдорӣ кард.

Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) 56 сол дошт ва пас аз баста шудани созишномаи сулҳ дар соли 1997 раҳбарии баталёни 25-умро, ки аз ҳисоби нерӯҳои Иттиҳоди мухолифин созмон ёфта буд, бар ӯҳда гирифт. Баъдан, ба кор дар Вазорати дифоъ гузашт ва то ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта муовини вазири дифои Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG