Пайвандҳои дастрасӣ

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, Ҳабибҷон Юсуфов - яке аз се маҳбуси фирорӣ, ки ба ҳангоми кӯшиши фирор захмӣ ва билофосила дастгир шуда буд, даргузашт. Ин манбаи Озодӣ гуфт, Юсуфов "се рӯз пеш дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд аз захмҳои бардоштааш даргузашт".

Вай гуфт, ба ҳангоми кӯшиши фирор Юсуфов аз ҷониби яке аз зиндонбонҳо бо тири туфанг захмӣ шуд ва натавонист фирор кунад. Баъди боздошташ дар бемористони зиндон нигоҳдорӣ ва муолиҷа мешуд ва ниҳоят се рӯз пеш даргузашт.

Ҳодисаи фирори се маҳбус аз муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 17 ба 18 июн рух дод. Дар он ҳодиса зиндониён бо зиндонбонҳо задухӯрде ташкил карда, яке аз зиндониён Мирзозариф Қаюмов кушта шуд. Ба ҳангоми фирор Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва боздошт шуда, вале Рамзуллохон Дадохонов, зиндонии сеюм бо вуҷуди захмӣ шудан тавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад. Рӯзи 19 июн мақомоти вазорати умури дохила дар бораи "безарар гардонида шудани" Додохонов хабар доданд.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бино ба маълумоти вазорати корҳои дохила, “барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта” ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Гурӯҳи тундрави "Ҷамоати Ансоруллоҳ" Рамзуллохон Додохоновро як "сарбоз"-и худ эътироф кард. Ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе гуфтааст, Рамзуллохон бо тахаллуси "Абу Муҳаммад" узви онҳо буд ва талош дошт, ки бо фирор аз маҳбас дубора ба саффи онҳо бипайвандад. Дар баёнияи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" гуфта шудааст, ки Рамзуллохон пас аз хатми мадрасае дар Покистон ба Тоҷикистон баргашта, ақидаҳои ин гурӯҳро ташвиқ мекард, вале соли 2013 боздошт шуд.

Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи қазияи фирори се маҳбусро аз муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд оғоз кард. Ин қазия аз рӯи моддаи 365-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.

Дар ҳодисаи ҳамлаи зиндониён ба зиндонбонҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбас бо корд захмӣ ва дар роҳ ба бемористон ҷон дод.

Тафсилоти баъди фирори маҳбусон

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19 июн гуфт, ки Рамзуллохон Додохонов дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд “безарар гардонда шудааст”.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат, “19.06.с.2016, соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд низ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки “Рамзуллохон Додохонов дар ҳудуди ҷамоати Ёва дар канори Хуҷанд пинҳон шуда буд. Вақте пинҳонгоҳаш ошкор шуд, Додохонов ба амри таслим шудан сар нафароварда, алайҳи мақомоти интизомиву амниятие, ки ӯро муҳосира карданд, оташ кушодааст. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ, Додохонов кушта шуд.”

Фирори ин се маҳбус аз зиндони рақами сеи Хуҷанд нахустин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Дар моҳи августи соли 2010 25 маҳбус, ки аксар ба даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат айбдор мешуданд, аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд.

Амалиёти таъқиби ин маҳбусони фирорӣ, ки дар байни онҳо аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, чанд моҳ тӯл кашид. Ин қазия дар ниҳоят сабаби барканории раиси Кумитаи амният Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинонаш шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG