Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи ҷудогона барои ҷиноятҳои "номусӣ" вуҷуд надорад, вале ҳодисае, ки ахиран дар додгоҳ Суғд баррасӣ шуд, баёнгари як куштори номусӣ барои бадномии ҷавонзане шудааст. Додгоҳ падар, хусур ва амакбачаи ҷавонзанро барои куштори ҷавони 22-сола, ки гӯё ошиқи ин зан будааст, ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 5 ноябр баррасии қазияеро анҷом дод, ки дар натиҷаи он се узви як авлод пушти панҷара рафтанд. Се сокини Истаравшан дар куштори Иброҳимҷон Саидов, сокини 22-солаи деҳаи Ҷавкандаки Истаравшан айбдор дониста шуданд. Ба хулосаи додгоҳ, Саидов гӯё бо ҷавонзани оиладоре аз хонаводаи Бердиевҳо робитаи маҳрамона доштааст ва ҳамин ишқи мамнӯъ, боиси қатли ӯ гардид.

Пушаймонӣ надорад оқибат сӯд...

Додгоҳ ҳукм кард, ки куштори Саидов бо маслиҳати пешакии ин се нафар ва ба таври бераҳмона рух додааст. Дар натиҷа, падари духтар - Раҳимқул Бердиев ба 27, амакзодааш Зуҳурҷон Бердиев ба 23 ва хусур ва ҳамзамон амакаш Шоҳимардон Султонқулов ба 22 соли зиндон маҳкум шуданд.

Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ маҳкумшудаҳо “бо эҳсоси пушаймонӣ эътироф карданд, ки ба хотири ҳифзи номуси хонаводаи худ ба қатли Иброҳимҷон Саидов даст задаанд”.

Асли ҳодиса чист?

Дар шарҳи ҳодиса як манбаи огоҳ аз парванда гуфт, ки З.Р.-и 19-соларо соли гузашта зери фишори падару модар ба писарамакаш ба шавҳар доданд. То замони издивоҷ ин духтар гӯё бо Иброҳимҷон Саидов робитаҳои ошиқона доштаанд ва баъди ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҳамсараш баъди арӯсӣ, гӯё дубора бо Саидов мулоқотҳои ғоибона анҷом додааст. Ин мулоқотҳо билохира ошкор шуда, боиси талоқи оилаи ҷавон гардид. Вале рӯзи 4 август хусур, падар ва амакзодаи духтар Саидовро ба як мулоқот даъват карда, бо 31 зарби кор ба ҳалокат расониданд.

Раҳимқул Бердиев, падари духтар пас аз ин куштор худро ба пулис таслим кард, вале хусур ва амакзодааш ба ҳангоми кӯшиши фирор ба самти Русия, дар фурудгоҳ боздошт шуданд.

Наздикони Иброҳимҷон аз суҳбат худдорӣ мекунанд

Наздикони маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намехоҳанд дар бораи ин қазия сӯҳбат кунанд. Ғайбулло Саидов, амаки Иброҳимҷон Саидови кушташуда рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳли оилаи ҷавон аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд. Вай гуфт, “ин се нафар гӯё ба хотири ҳифзи обрӯяшон даст ба ин кор заданд, аммо якбора худро шарманда карданд.”

Ғайбулло Саидов гуфт, ки гӯё дар мурофиаҳо духтар иқрор кардааст, ки худаш ҷавонро ба мулоқот даъват мекард, вале байни онҳо “алоқаи ҷинсӣ набуд”. Ӯ гуфт, рафтори маҳкумшудаҳо пеш аз ҳама “як беақлӣ” буд. “Онҳо метавонистанд, ки ин масъаларо бидуни хушунат ва ҷиноят, аз роҳи гуфтушунид ҳал кунанд”. Ба қавли Ғайбулло Саидов, Иброҳим баъди марги падар ятим монда буд ва масъулияти тарбияаш ба дӯши амак буд.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ...

Баъди ин ҳодиса, масъулини маҳаллӣ дар ноҳияи Истаравшан ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои, ба истилоҳ, номусӣ, бо сокинон сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Толибҷон Юсупов, раиси ҷамоати Ҷалкандаки ноҳияи Истаравшан 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо кормандони мақомоти интизомӣ ин ҳодисаро ҳамчун як намунаи “хеле бад” нақл мекунанд.

Вай гуфт, “агар то содир шудани ҷиноят робитаи ин ду ҷавонро танҳо як деҳа медонист, ҳоло тамоми вилояти Суғд аз он огоҳ шуд. Се нафари дигар ба мӯҳлатҳои зиёд маҳбас рафтанд”.

Чаро кушторҳои "номусӣ" рух медиҳанд?

Аз сӯи дигар, бархе мегӯянд, бадбахтии тамоми ширкатдорони қазия дар он аст, ки хости ҷавонҳоро нодида гирифтанд ва нахостанд ба ҳарфи дили духтари ошиқ гӯш диҳанд ва дар ниҳоят ӯро бо амакбачааш оиладор карданд.

Кушторҳо “барои ҳифзи номус” дар Тоҷикистон ҳам гоҳо рӯй медиҳанд. Се соли пеш низ дар ноҳияи Ҳамадонӣ як мард дӯстписари духтарашро бо зарби табар кушт. Ду соли пеш низ дар шаҳри Кӯлоб як бародар хоҳарашро барои “резонидани обрӯи хонавода” ба қатл расонида буд. Ҳамаи ин қазияҳо аз рӯи моддаи “куштор” баррасӣ шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG