Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико аз эҳтимоли амалҳои террористӣ дар Аврупо ҳушдор дод


Мақомоти Ийолоти Муттаҳида аз эҳтимоли вуқӯи амалҳои террористӣ дар дар Аврпуо, дар рӯзҳои ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ ва соли нави масеҳӣ ҳушдор медиҳанд.

Департаменти Давлатии Амрико бо такя ба манобеи қобили эътимод маълумотеро пахш кардааст, ки мегӯянд гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва Ал Қоида амалҳои террористӣ дар Аврупоро тарҳрезӣ мекунанд.

Ба шаҳрвандони Амрико тавсия шудааст, ки шадидан аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳангоми тамошои маконҳои сайёҳӣ, ҷойҳои таҷаммӯи мардум ва нақлиёт ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар ин санад аз ҳамлаҳои солҳои ахири тундравони исломӣ дар Белгия, Олмон ва Туркия ёдоварӣ шудааст.

Авохири ҳафтаи гузашта пулиси Фаронса 7 нафарро бо гумони тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ боздошт кард.

XS
SM
MD
LG