Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев аз гуфтугӯҳои марзӣ бо Қирғизистон хушбин аст


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев Сооронбой Жээнбековро ба муносибати сарвазири Қирғизистон таъйин шуданаш табрик гуфта, ҳамзамон аз музокироти ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ изҳори хушҳолӣ кардааст.

"Бовар дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин вазифа ба муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат мерасонад. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ташрифи ҳайати Қирғизистон ба Андиҷон ва ҳайати Узбакистон ба Ӯш муносибатҳои дуҷонибаро боз ҳам тақвият мебахшанд", - омадааст дар табрикномаи Мирзиёев.

Шуруъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ Узбакистону Қирғизистон дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ талоши бештар ба харҷ медиҳанд. Масоҳати умумии марзи Узбакистону Қирғизистон 1378 километр аст, ки аз ин ҳисоб 320 км ҳанӯз дақиқ ва аломатгузорӣ нашудааст. Номуайянии марз борҳо боиси ҷанҷоли сокинони наздимарзии ду давлат шудааст.

XS
SM
MD
LG