Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: Ба хабарнигори Озодӣ дар Туркманистон ҳамла шудааст


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch хабар медиҳад, ки рӯзноманигори Радиои Озодӣ баъди бозпурсӣ дар пулис ғорат ва ҳамла шудааст. Дар изҳороти HRW омадааст, ҳамла ба Султон Очилови 67-сола - намунаи охирин ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ин кишвари шадидан контролшавандаи Осиёи Марказӣ аст.

"Ҳодисае, ки бо Очилов рух дод, талоши навбатиест барои хомӯш кардани танқидкунандагон", - мегӯяд созмони HRW. Ин созмон гуфтааст, набояд рӯзноманигорон барои анҷоми вазифаашон ҳамла ва ё аз сӯи пулис боздошт шаванд. Тибқи иттилои созмон, Очиловро шахсони номаълум ҳамла ва ғорат кардаанд. Ҳамлакунандагон дастгоҳи наворбардории хабарнигорро рабудаанд. Пулис ӯро барои аксбардорӣ аз мағозае дар Ишқобод 25 октябр ба бозпурсӣ даъват карда буд.

Моҳи декабри соли гузашта низ Очилов зимни аксбардорӣ аз бозори маҳаллӣ ҳамла шуда буд. Он замон чанд нафар ӯро латту кӯб кардан ва ба идораи пулис бурданд.

XS
SM
MD
LG