Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои Британия "Адмирал Кузнетсов"-ро думболагир мекунанд


Нерӯҳои баҳрии Британия барои назорати киштиҳои Русия, бо сарварии ҳавопаймобари Адмирал Кузнетсов, ки дар роҳ ба Сурия аз қаламравҳои обии Британия мегузаранд, ду киштии ҷангиро сафарбар кард. Киштии ҳавопаймобари Адмирал Кузнетсов ва ҳафт киштии болоби Русия феълан дар баҳри Норвегия мегузаранд

Интиқоли киштиҳои ҷангии Русия ба Сурия дар пасманзари ташаннуҷи шадид байни Маскав ва НАТО ҷараён мегирад, ки Русияро ба манёврҳои низомии иғвогарона муттаҳам кардааст. "Вақте ин киштиҳо аз обҳои мо мегузаранд, мо ҳар қадами онҳоро таҳти назорат мегирем",- гуфт Вазири дифои Британия Майкл Фаллон, рӯзи 19 октябр. Вазир ин назорати пайгиронаро масъулият дар баробари амнияти Британия унвон кард.

Адмирал Кузнетсов ягона киштии ҳавопаймобари Русия аст, ки вазни даҳҳо ҳавопаймои ҷангиро мебардорад.

XS
SM
MD
LG