Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Туркманистон дар як сол ҳафт китоб навишт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ахири девони вазирони кишвараш китоби нави худро муаррифӣ кард. Вай гуфт, ки нусхаҳои ин китобро 21 октябр ба иштирокдорони ҷаласаи васеи ҳукумат тақдим хоҳад кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, китоби мазкур "Туркманистон" ном дошта, ба корҳои бузурги мардуми туркман тайи 25 соли истиқлолияти ин кишвар бахшида шудааст.

Ин китоби ҳафтуми Бердимуҳаммадов дар соли равон буда, қаблан моҳи январ китоби “Сарчашмаи хирад”, моҳи март китоби “Чой-дору ва илҳом”, моҳи апрел китоби “Суръати баланди асп”, моҳи май китоби "Шукӯҳу ҷалоли осмонӣ", моҳи июл ҷузъи ҳаштуми "Растаниҳои табобатии Туркманистон" ва моҳи сентябр китоби "Мусиқии ҷаҳон, мусиқии дӯстию бародарӣ"-ро нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG