Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон маълумоти корбарони Интернетро ба дигарон медиҳад? ВИДЕО


Мансурҷон Умаров

Мансурҷон Умаров

Вакилони порлумони Тоҷикистон санадеро тасвиб карданд, ки табодули иттилоъ дар бораи корбарони Интернет бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро иҷоза медиҳад. Протокол дар ин бора рӯзи 5 октябр дар нишасти Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд.

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми муаррифии санад аз вакилон хост, ки онро тасвиб кунанд, чун ба гуфтаи ӯ барои таъмини амнияти Тоҷикистон муҳим аст. "Пешгирӣ кардани амалҳои тахрибкорона, истифодаи шабакаҳои интернетӣ барои содир кардани ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои конститутсионӣ, амнияти давлатҳо, сулҳ, бехатарии башарият ва ҷиноятҳо дар самти технология иттилоотӣ аз мақсадҳои ин протокол маҳсуб меёбанд", - афзуд ӯ. ​

Гузориши видеоӣ инҷост:

Мунтақидон мегӯянд, мақомот метавонанд, бо баҳонаи мубориза бо экстремизм иттилоъ дар бораи дигарандешонро низ ба якдигар бидиҳанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамкории ниҳодҳои амниятии кишварҳои СПАД-ро барои муборизаи муштарак алайҳи ҷиноятҳои иттилоотӣ ё киберҷиноят муҳим хонд. Ӯ гуфт, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ин созмон дар бахши ҳимояи фазои иттилоотӣ бо таҷҳизот ва техникаи вижа муҷаҳҳазанд ва ин амр табодули иттилоъву таҷрибаро дар ин замина осон мекунад.

Протоколи ҳамкорӣ дар бораи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикиро соли 2014 намояндагони Тоҷикистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон, Беларус ва Арманистон дар Маскав имзо карданд. Вакилон гуфтанд, санад заминаҳои ҳамкории хадамоти ҷосусии кишварҳои узвро барои табодули иттилоъ фароҳам мекунад.

Мақомот мегӯянд, аз оғози сол ба туфайли назорати гуфтугӯву суҳбатҳо дар интернет аз 8 амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. ​Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар ниҳодҳои амнияти миллии Додситонии кулл, 16 сентябр ба Озодӣ гуфта буд, барои ин кор маҷбур шудаанд, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карда, почта ва Вайберу Мессенҷерҳоро санҷидаанд.​

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, имкон дорад, ин ҳамкориҳо ба радду бадали иттилоот барои пешгирии ҷиноятҳо рабт гирад, ки дар фазои Интернет ба амал меояд. "Таҷрибаи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, назири “Давлати исломӣ” нишон дод, ки онҳо аз технологияи пешрафтаи иттилоотию мухобиротӣ ба таври муассир истифода мекунанд. Ин вазъият ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви СПАД-ро ба ташвиш оварда ва барои муқобала бо ин гуна ҷиноятҳои маҷозӣ хостори ҳамкориҳои бештар шудаанд", - афзуд ӯ.

Аммо мунтақидон мегӯянд, мақомот метавонанд, бо баҳонаи мубориза бо экстремизм иттилоъ дар бораи дигарандешонро низ ба якдигар бидиҳанд. Порлумони Аврупо низ зимни як қатънома дар моҳи июни имсол аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, то мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи бунёдии мардум дар кишвар эҳтиром гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG