Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои муҳофизони Сомонӣ баъди шикояти хабарнигори қазоқ


Акси бардоштаи хабарнигори қазоқ аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Акси бардоштаи хабарнигори қазоқ аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Ду маъмури милиса, ки аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе муҳофизат мекарданд, аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин кор ба дунболи шикояти хабарнигори қазоқ сурат гирифтааст.​ Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вале иддао дар бораи онки ду милиса аз хабарнигори қазоқ пул талаб кардаанд, исботи худро наёфтааст. Кормандони милиса ин даъворо рад кардаанд.

"Магар милисаи тоҷик маоши кам мегирад, ки ба чунин амали шармовар даст мезанад? Гуфтам, ки ин амал хоси ҳамаи милисаи тоҷик нест, танҳо бархе аз онҳо рафтори шармовар доранд”.

Хабарнигорони қазоқ Тоҷикистонро ҳафтаи гузашта тарк карданд. "Ин хабарнигорон ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят накардаанд. Дар ин бора аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтем", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ. Вай, инчунин, истифодаи вожаи "гадоӣ" нисбат ба милисаҳои тоҷикро нороҳаткунанда хонда, гуфт, журналистон бояд ба ҳангоми навиштани мақола аз калимаҳои таҳқиромез худдорӣ кунанд.

Журналисти қазоқ Бакитҷон Букрабой дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз рафтори милисаҳои тоҷик дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе интиқод карда, навишт, ки аз ӯ бо баҳонаи "зодрӯз дорам" пул талаб кардаанд. Вай ин амали маъмурони милисаро "гадоӣ" унвон карда навишт, чунин ҳодиса дар маркази пойтахти Тоҷикистон ӯро ҳайратзада кардааст.

Вай дар ин саҳифааш аксҳои атрофи муҷассама, хабарнигорони дигар ва милисаеро нашр кардааст, ки як рахти хоб ҳам дорад. Дар шарҳҳои зиёд корбарон ин рафтори милисаи тоҷикро "шармовар" хондаанд.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ рух дода ва журналисти қазоқ ба хотири иштирок дар ҳамоиши байналмилалии “Расонаҳо дар фазои рақамӣ ва таҳдиду имкониятҳо" вориди Душанбе шуда буд.

"Ин ширкаткунандаи ҳамоиш ба тамошои шаҳр баромада, ба чунин ҳодиса рӯбарӯ шуд. Рафтори ноҷои милисаи тоҷик аз мавзӯи аслӣ дар суҳбатҳои ғайрирасмии ҳамоиш буд. Бакитҷон Букрабой аз ман суол кард, ки магар милисаи тоҷик маоши кам мегирад, ки ба чунин амали шармовар даст мезанад? Гуфтам, ки ин амал хоси ҳамаи милисаи тоҷик нест, танҳо бархе аз онҳо рафтори шармовар доранд", - гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Ба гуфтаи Қаршибоев, тамаъҷӯии бархе аз кормандони милисаи тоҷик ҳодисаи тоза набуда, бархе дигар меҳмонони хориҷӣ дар гузашта низ аз амалҳои ноҷои милисаҳо шикоят кардаанд. "Ин амали онҳо ба шаъну эътибори Тоҷикистон зарба мезанад", - хулоса кард ӯ.

Дмитрий Евсиков

Дмитрий Евсиков

12 августи соли 2013 ба гурӯҳи ҳунарии “Барака”-и Латвия дар роҳи бозгашт ба ватан дар фурудгоҳи Душанбе ҳодисаи мушобеҳе иттифоқ афтода буд. Он замон раҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков аз рафтори ғайриқонунии кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, аз ҷумла тамаъҷӯӣ ва хурдагириву фишори равонӣ шикоят кард. Баъди таҳқиқи ин ҳодиса бархе иттиҳомот тасдиқи худро ёфт ва 12 корманди фурудгоҳ муҷозот шуданд.

Як ҳодисаи дигари тамаъҷӯии корманди гумрук аз як шаҳрванди Ҳинд ҳам аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон собит шуд.

Мақомоти ВКД мегӯянд, ахлоқи милиса, ки "ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум" аст, метавонад ба обрӯи корманди ҳифзи ҳуқуқ латма занад, аз ин рӯ, Кодекси одоб барои кормандони милиса тарзи муоширати онҳоро бо шаҳрвандон танзим мекунад. Ин кодекс дар моҳи июли соли ҷорӣ таҳия шуд. Вале бо ин вуҷуд ҳодисаҳои шикоят аз бархӯрди ғайриахлоқии милисаҳо кам набудааст.

Яке аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо рӯзи 5 майи соли ҷорӣ рух дод. Бадрафтории ходимони милиса бо наврасони боздоштшуда баъди ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ", ки ба шакли аудиоӣ сабт ва ба интернет роҳ ёфт, мавриди интиқоди шадиди фаъолони ҷамъиятӣ шуд. Дар ниҳоят ВКД гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса як нафар барканор ва се нафар танбеҳ гирифтанд. Дар авҷи ин баҳсҳо аксарият ин саволро медоданд, ки чаро милисаи тоҷик наметавонад ба ҳомии воқеии шаҳрвандон, як такягоҳ ва нафари боварибахше табдил шавад, ки дар ҳолати сар задани мушкил шаҳрванд тавонад ба кӯмаки ӯ умед бандад?

Як пурсиши афкори умум 5 соли пеш муқаррар кардааст, ки шаҳрвандон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро олуда ба фасод арзёбӣ мекунанд. 60 дар сади пурсидашудагони як назархоҳии СММ гуфтаанд, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шумори 5 сохтори олудатарин ба фасод дар мақоми аввал қарор доранд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ дар соли 2015 гуфта буд, ки дар 5 соли охир нисбати 1200 додрасу муфаттиш ва дигар ва маъмурони амниятиву кормандони милиса ва афсарони дигар ниҳодҳои қудративу интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли 2015 барои риоя накардани қонун ва интизоми хизматӣ, 977 корманди сохторҳои корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ гирифта ва аз ин теъдод 187 нафар аз кор озод гардидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG