Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рафҳои аз ҳама болову зебо ва намоён ҳоло дар телефонфурӯшиҳои Тоҷикистон ҷойи Айфони 7 аст. Ин “меҳмон”-и наву бологузарро тоҷирон кӯшиш мекунанд, то пайдо шудани ягон харидори ҷиддӣ, аз қутти берун наоранд. Ба аксар дигар нафароне, ки ин шабу рӯз барои тамошо ё гирифтани маълумот дар бораи Айфон 7 ба нуқтаҳои фурӯши он меоянд, дидану ба даст гирифтани ин телефон шояд насиб накунад.

Теъдоди тамошобинони Айфон ҳам аз теъдоди харидорони аслии он бештар будааст. Шерзод Файзуллоев, тоҷири Фурӯшгоҳи марказии Душанбе мегӯяд: “Қариб 80 дар сад тамошо карда мераванд”. Аммо бо ин ҳам тоҷирон ҳоло аз гуфтани бартариҳои Айфон 7 хаста нашудаанд ва соатҳо метавонанд бо шумо дар ин бора сӯҳбат кунанд. “Бо Айфони 7 мешавад, зери об ҳам сӯҳбат кард. Бартарии дигараш ин аст, ки 256 гигабайт дорад ва тамоми маълумоти худро метавонед дар он ҳифз кунед.”

Навтарин Айфон дар Тоҷикистон бо қимати аз 8 то 11 ҳазор сомонӣ баробар бо 800 то 1500 доллар ба фурӯш меравад

Шерзод дар ин чанд рӯз то 6 айфон фурӯхтааст ва мегӯяд аксаран ҷавонон, аз ин телефони навтарин харидорӣ кардаанд. Бархе аз телефонфурӯшиҳои Душанбе ба харидороне, ки хеле орзуи доштани Айфони навро мекунанд, имкон медиҳанд то Айфони 6-и худро бо як миқдор пули болоӣ ба Айфони 7 иваз кунанд.

Айфони 7 ва 7+ ро ин шабу рӯз дар чандин нуқтахои фурӯши телефон дар Точикистон пайдо кардан мумкин аст. Аммо нуқтаи расмии фурӯши маҳсулоти ширкати “Apple” дар мағозаи «Айком» аст. Фурӯши нахустин Айфони 7 ҳам дар Тоҷикистон баробар бо дигар кишварҳо аз ҳамин мағоза шурӯъ шудааст. Замони ҳузури мо дар ин марказ ҷои ин навъи телефон дар рафҳо холӣ буд.

Агарчи дар Душанбе барои харидории ин телефон навбатпоӣ ва ҷангу ҷанчол нест, аммо ҳама 3-4 Айфони 7, ки дар як рӯз дар ин нуқта ба фурӯш гузошта мешавад, харидори худро пайдо мекунад. Як масъули ин ширкат гуфт ”Қишрҳои мухталиф мехаранд. Масалан як писари 18-сола бо модараш омад, модар ба ӯ Айфони 7 тӯҳфа кард. Як харидори дигарамон роҳбари як ширкат буд. Дар миёни харидорон роҳбарони ширкатҳо зиёд аст.”

Ба Муҳаммад, ки баъди дидани Айфони 7 дар телевизион ва огоҳ шудан аз бартариҳои он хост телефони орзуи худро аз наздик бубинад, ин имкон даст надод. Аммо ӯ тавонист ба суолҳои боқимондаи худ посух бигирад ва акнун ба ин хулоса омад, ки дар зодрӯзаш ҳатман бояд соҳиби телефони Айфони 7 шавад. «Ман Айфони 5 доштам, он бароям чандон писанд наомад. Аммо Айфони нав, то ҷое дар борааш маълумот пайдо кардем, имкониятҳои хеле хубе дорад ва ман мехоҳам дар зодрӯзам барои худ як Айфон тӯҳфа кунам. Зодрӯз моҳи ноябр аст ва ман то он вақт пул ҷамъ мекунам».

Навтарин Айфон дар Тоҷикистон бо қимати аз 8 то 11 ҳазор сомонӣ баробар бо 800 то 1500 доллар ба фурӯш меравад. Дар Тоҷикистон ин нарх баробар ба ҳудудан 2-сола маоши як корманди оддӣ аст. Бинобарин на ҳама харидории телефоне бо ин нархро қобили қабул медонанд. Найсон Ҷалолзода, мусоҳиби ҷавони мо ҳам ба ҳамин фикр аст. Ӯ мегӯяд “Дар ҳоле, ки бо нархи арзон ва имкониятҳои хубе аз телефони “Самсунг” мешавад истифода кард, чаро бояд як телефони гарону мушкилфаҳмро харид”. Найсон мегӯяд, ба харидани Айфон майл надорад.

Вале барои гурӯҳи дигар, ки дӯстдори таҷҳизот аз ширкатҳои бонуфуз, ба вижа Apple аст, доштани Айфон мояи ифтихор аст. Алиакбар, як мусоҳиби мо, ки аз ҷумлаи ҳаводори Айфон аст, мегӯяд: “Айфон на танҳо бренди маъруф, балки телефоне аст, ки имкониятҳои хеле зиёд дорад. Дар истифодаи махсусан интернет он хеле қулай ва роҳат аст. Агар пулам бошад ҳатман мехаридам”.

Тоҷирон мегӯянд, арзиши ин телефон дар Тоҷикиситон ба фарқ аз кишварҳое мисли Русияву Туркия ва Афғонисту Покистон арзонтар аст.

Тибқи омори расмӣ, имрӯз беш аз 6 миллион нафар дар Тоҷикистон аз телефони ҳамроҳ истифода мебарад. Яъне, дигар мисли даҳ соли пеш доштани телефони мобил аслан наметавонад мояи ифтихор бошад ва бо он наметавон диққати касеро ҷалб кард, албатта агар он навтарин Айфон набошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG