Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии мақомоти тоҷик аз хатароти экстремизм онҳоро водор кардааст, ки барои аҳолии узбакзабони маҳаллӣ барномаҳои вижаи зиддиифротишавиро ба ба забони модарии онҳо ба роҳ монанд. Мақомот умед доранд, ки дар ин сурат сӯҳбатҳои онҳо дар бораи хатарҳои экстремизму терроризм ва паёмадҳои пайвастан ба гурӯҳҳои тундрави мисли "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ натиҷаи беҳтар хоҳад дод.

Аз ҷумла, як чунин тадбир дар миёни ҷавонони узбактабори ноҳияи Қубодиён, дар 220-километрии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Тибқи омори расмӣ, танҳо аз як деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, ки аксарияташ узбактабор ҳастанд, 13 нафар дар Сурия қарор доранд. Ин оморро мақомот ташвишомез номида, талош доранд ба сокинони маҳаллӣ хатарҳои пайравӣ аз гурӯҳҳои тундравро аз наздик шарҳ диҳанд. Дар гузашта чунин сӯҳбатҳо умдатан бо забони тоҷикӣ анҷом мешуд. Дар ин барномаҳои ба қавли мақомот "фаҳмондадиҳӣ" масъулони ҷамоату ҳукуматҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои ҷавонон, занон ва рӯҳониёну имомхатибон иштирок мекунанд.

Мақомот дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён бар ин назаранд, ки сӯҳбатҳои ҳамсон дар манотиқи дигар натиҷаи хуб ба бор овард ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, аз ҷумла созмони “Давлати Исломӣ" коҳиш ёфт. Ҳоло, мегӯянд онҳо, бояд дар рустои Қизилнишон сӯҳбатҳои вижа барпо кард, чунки шумори сокиноне, ки аз ин деҳ ба Сурия рафтаанд, зиёд ва нигаронкунанда аст.

Қизилнишон, ки ба Навбаҳор табдили ном кардааст, деҳаи узбакнишине дар ҷамоати "20-солагии истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён аст. То соли 2012 беш аз 10 нафар ҷавони ин деҳ ба хотири пайвастан ба сафи Ҳаракати Исломии Узбакистон зиндонӣ шуда буданд ва ҳамакнун тибқи оморҳо 13 сокини ин ҷо дар ҷангҳои Сурия қарор доранд. Мушкили аслии сокинони маҳаллӣ - бекорӣ онҳоро водор мекунад, ки дар паи рӯзии беҳтар ба муҳоҷирати кории Русия раванд. Мақомот мегӯянд, ки ин гурӯҳи ҷавонҳо баъди сафар ба Русия ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Дар маҷмӯъ аз Қубодиён 74 ҷавон дар феҳрасти "афроди ифротӣ" ворид шудааст. Аксари онҳо дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо ба Сурия ба хотири пайвастан ба сафи "Давлати исломӣ" якбора чанд узви як оила сафар кардаанд. Чор узви як оила ва се узви оилаи дигар аз Қубодиён ба ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба Сурия дар марзи Туркия боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Бо ин ҳама, то кунун шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо фаъолони Хатлон дар ноҳияи Бохтар гуфт, ки ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад ва бино ба иттилои онҳо, "инчунин, 164 нафар дастгир шуда, 24 нафар ба кишвар оварда шудаанд".

Гуфта мешавад, 30 дар сад аз ҷамъияти 2,5 миллион нафараи вилояти Хатлон узбакзабон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG