Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бинобар натиҷаи пешакии интихобот раҳбари Чеченистони Русия Рамзон Қодиров бо 97 дар сади райъи интихобкунандаҳо дар ин кишвари Қафқози Шимолӣ пешсаф шудааст. Комиссиюни Марказии Интихобот баъди шумурдани 15 дар сади варақаҳои овоздиҳӣ гуфт, ки номзадҳои дигар камтар аз 2 дар сад райъ гирифтаанд. Ин номзадҳо бозраси касбу кор, Идрис Усмонов, намояндаи Ҳизби Коммунист Ғарисолт Батаев, ва Султон Денилхонов аз ҳизби " Русияи Одил" буданд.

Қодирови 39 сола аз моҳи марти соли 2007 сарвари Чеченистон аст. Дар чанд моҳи гузашта бинобар ба поён расидани муҳлати раёсаташ ӯ дар ин мақом ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раҳбар фаъолият мекард. Фаъолони ҳуқуқ Қодиров ва гурӯҳи шибҳанизомии ӯро ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, бо шумули одамрабоӣ, шиканҷа ва кушторҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG