Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзиёев ба иваз кардани ҳайати ҳукумати Узбакистон пардохт


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, ҳайати нави ҳукумати ин кишварро тасдиқ кардааст. Бар асоси фармонҳое, ки Мирзиёев рӯзи 13 сентябр имзо намуд, Маҷид Каримов ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми муовини нахуствазири Узбакистон дар умури ҷавонон, маориф, фарҳанг ва варзиш барканор шудааст. Абдулло Орифов муовини нави нахуствазир таъин шудааст. Алишер Ваҳҳобов аз мақоми вазири маълумоти махсуси миёна ва олии Узбакистон озод шуда, ба ҷои ӯ Рустам Қосимов омадааст. Бар асоси фармонҳои Шавкат Мирзиёев, Рустам Азимов дар мақоми муовини аввали нахуствазир ва вазири молия ва Адҳам Икромов дар вазифаи муовини нахуствазири Узбакистон боқӣ мондаанд. Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт ва баъдан Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи ин вазифа шуд. Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабри имсол баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG