Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ду зани узви ДИИШ-ро зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Қирғизистон ду зани маҳаллиро зиндонӣ кард, ки занҳои ҷавонро ба сафи гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ҷалб менамуданд. Мурофиаи додгоҳӣ дар вилояти Ҷалолобод рӯзи 14 сентябр баргузор шуд ва додраси парванда ду сокини ин минтақа - Моҳирахон Азимҷоноваи 55-сола ва Наргисахон Раимҷоноваи 30-соларо аз 6 то 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин ду нафар як зани қирғизро дар Интернет барои пайвастан ба ДИИШ ташвиқ кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки бародари Раимҷонова аз ҷангиёни "Давлати исломӣ" буда, дар Сурия қарор дорад. Дар моҳҳои ахир даҳҳо нафар дар кишварҳои Шӯравии собиқ ва Русия барои ҷалби мардум ба сафи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG