Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 55 нафар барои ғасби маъбаде дар Бритониё


Рӯзи якшанбе дар қисмати марказии Англия пулис 55 нафарро боздошт кард, ки бо ишғоли маъбаде мехостанд тӯйи намояндагони ду динро халалдор кунанд. Рӯзи 10-уми сентябр якчанд нафари мусаллаҳ бо шамшер ба маъбади Соҳиб, воқеъ дар шаҳри Лемингтон-Спа, ворид шуданд. Пулис биноро дар иҳота қарор дод ва афроди мусаллаҳ баъди 8 соат боздошт шуданд. Ишғолгарони маъбад амали худро эътирози сулҳҷӯёна бар зидди никоҳҳои омехта номиданд. Сикхизм, яке аз мазҳабҳои Ҳиндустон аст ва намояндагони ин ҷараёни мазҳабӣ дар баъзе аз шаҳрҳои Бритониё зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG