Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронсавиҳо алайҳи муҳоҷирон аз трактор кор мегиранд


Ронандагони мошинҳои боркаш дар Фаронса алайҳи як идда муҳоҷирон, ки дар канораҳои бандари Калаис хайма задаанд, ба хотири кунд кардани ҳаракати мошинҳо дар роҳи асосии вуруди муҳоҷирон ба бандари Фаронса, камюн ва тракторҳоро ба кор мебаранд. Давид Сагнард, раҳбари тазоҳургарон ва раиси созмони ронандаҳои мошини боркаш, рӯзи 5-уми сениябр гуфт, дар амали эътирозӣ ҳудуди 40 мошини боркаш истифода мешавад. "Мо бояд ин корро бикунем, мо бояд вазъро такон бидиҳем, зеро моҳҳост, ки авзоъ дорад бадтару бадтар мешавад," - гуфт Сагнард ба хабарнигорон дар беруни бандари Калаис. Ҳазорҳо нафари дар гурез аз ҷангу фақр барои шанси расидан ба Бритониё бо мошинҳое, ки тавассути киштӣ ё роҳи оҳан ба он тараф мераванд, дар бандари Калаис интизорӣ мекашанд. Сарфи назар аз таҳкими амният ва бунёди деворҳои баланд дар канори роҳ ва роҳи оҳан, паноҳҷӯён талошҳои худро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG