Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як сокини Душанбе барои қасди пайвастан ба ДИИШ


Додгоҳи Исмоили Сомонии Душанбе як сокини пойтахтро барои кӯшиши пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” айбдор дониста ва шашуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми Диловар Музаффаров рӯзи 28-уми июл содир шуда, вале тоза тавассути Додситонии кулли Тоҷикистон расонаӣ шуд. Додситонии кулл мегӯяд, Музаффаров моҳи майи соли равон ҳангоми сафараш аз Маскав ба Истанбул дар фурудгоҳи “Внуково” боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. “Музаффаров аз соли 2007 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, бо даъвати баъзе аз дӯстонаш тасмими ба Сурия рафтанро гирифтааст,” – афзудааст манбаъ. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 1100 сокини кишвар ва асосан ҷавонон барои иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёна рафта, хабари марги 300 нафари онҳо таъйид шудааст. Додситонии кул ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ваъда додаанд, ки ҷангҷӯёни тоҷик агар бо хоҳиши худ аз майдонҳои ҷанг баргашта ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG