Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи силоҳҳои ҷангӣ дар Хатлон


Дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони интизомии вилояти Хатлон дар қалмрави ин вилоят ҳудуди 400 силоҳ кашфу мусодира шудааст, ки ба гуфтаи мақомот бозмонда аз даврони ҷанги дохилии ин кишвар аст. Масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи ҷумъаи 19 август зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ин миқдор силоҳи оташфишон муддати ҳафт моҳи соли равон дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кашфу мусодира шудаанд”.

Ба гуфтаи ин масъулон, шумораи силоҳҳои кашфу мусоидирашуда да қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31 адад бештар аст. Ба ин тартиб, аз ҷумлаи силоҳҳои ошкоршуда, 75 адади он автомат – худкори навъи “Калашников”, 63 адад туфангча, 31 адад камони карабин, 156 адад суфтамил ва 153 найзакорд аст.

Қӯрғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон, маркази аввалин даргириҳо дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 аст ва ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам бозмондаҳои силоҳҳои ин ҷанг кашфу мусодира мешавад.

XS
SM
MD
LG