Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "вилояти Хуросон" кушта шудааст


Ҳафиз Саидхон
Ҳафиз Саидхон

Мақомоти Амрико ва Афғонистон мегӯянд, раҳбари шӯъбаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистону Покистон моҳи гузашта дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар марзи ду кишвар кушта шудааст. Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани номаш рӯзи 12 август гуфт, Ҳафиз Саидхон рӯзи 26 июл дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар ноҳияи Кути вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуд. Сафири Афғонистон дар Покистон Умар Захилвол ба Ройтерс гуфт, аз мақомоти амниятии афғон таъйиди ҳалокати Ҳафиз Саидхонро ба даст овардааст. Ҳафиз Саидхон соли гузашта дар пайи ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурдани қисме аз афроди Таҳрики Толибони Покистон раҳбари “вилояти Хуросон” ном гирифт. Ин “вилоят” дар харитаи “Давлати исломӣ” Афғонистону Покистон ва қисмате аз кишварҳои дигари ҳамсоя, бо шумули Тоҷикистон ва шарқи Эронро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG