Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 6 август шӯрои мудирони ҷамъияти саҳҳомии “ҚазТрансОйл” салоҳиятҳои мудири кулли ин ширкат Нуртас Шмановро пеш аз мӯҳлат қатъ ва ба ҷои ӯ Димаш Досанови 35-соларо, ки тоза дар оғози соли ҷорӣ узви раёсати ин ширкати масъули умури лӯлаҳои нафти Қазоқистон шуда буд, таъин кард.

Бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, Димаш Досанов соли 1981 дар Алма-Ато таваллуд шуда, бародарзодаи адиби шинохтаи қазоқ Собит Досанов мебошад. Досанов се маълумоти олӣ дошта, ибтидо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва сипас Донишгоҳи иқтисодии Қазоқистонро хатм карда, унвони магистр дар риштаи идораи бизнес аз Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрикоро ҳам дорад. Дар тарҷумаи ҳолаш гуфта мешавад, ки ӯ забонҳои қазоқӣ,русӣ, англисӣ ва итолиёвиро балад аст.

Димаш Досанов собиқаи кориашро аз ҳукумати ноҳияи Медео оғоз карда, тақрибан 12 соли охир дар риштаи нафту газ кор мекунад. Аз соли 2014 то оғози соли ҷорӣ раҳбарии ширкати муштараки “Лӯлаи нафти Қазоқистону Чин”-ро бар ӯҳда дошт. Моҳи январи соли 2016 муовини мудири кулли “ҚазТрансОйл” ва баъди ҳамагӣ 7 моҳи кор дар ин мақом мудири кулли ин ширкати бузургтарин дар риштаи ҳамлу нақли нафти Қазоқистон таъин шуд.

Алия Назарбоева

Алия Назарбоева

Дар расонаҳои Қазоқистон Димаш Досановро шавҳари Алия Назарбоева, духтари сеюм ва хурдии раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ном мебаранд. Сомонаи Harpersbazaar.kz Димаш Досановро аз ҷумлаи афроди наздик ба хонаводаи президент Назарбоев ном бурда, чандин бор аксҳои муштараки ӯ бо Алия Назарбоеваро дар чорабиниҳои мухталиф нашр кардааст. Аммо то имрӯз дар бораи мақоми расмии муносибатҳои Алия Назарбоева ва Дамиш Досанов маълумоти расмие нашр нашудааст.

Агар ин хабарҳо дар бораи иртиботи Досанов бо Алия Назарбоева тасдиқ шаванд, пас, ба гуфтаи шореҳони қазоқ, ин ба маъноест, ки ҳамаи домодҳои Назарбоев ё онҳое, ки афроди хеле наздик ба духтарони ӯ ном бурда мешаванд, худро ба риштаи нафту газ задаанд.

Тимур Қулибоеви 50-сола, шавҳари расмии Динора Назарбоева – духтари дуюми Нурсултон Назарбоев – раҳбарии “Самрук Хазина” – Сандуқи шукуфоии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад. Ин сандуқ, ки миллиардҳо долларро мечархонад, аз ҷумла аз номи давлат ширкати “ҚазМунайГаз” бузургтарин ширкати давлатии нафту гази Қазоқистонро ҳам раҳбарӣ мекунад. “ҚазМунайГаз” ба навбати худ умури идораи саҳми ҳукумати Қазоқистон дар ширкатҳои “ҚазтрансОйл” – масъули умури лӯлаҳои нафт – ва “ҚазТрансГаз” – масъули умури лӯлаҳои гази Қазоқистонро дар даст дорад.

Бо онки Димаш Досанов – нафари наздик ба Алия Назарбоева – ба тозагӣ мудири кулли “ҚазТрансОйл” таъин шуд, раҳбарии “ҚазТрансГаз” дар дасти Ғайрат Шарифҷонов аст. Шарифҷоновро, ки 53 сол дорад, дар матбуоти Қазоқистон аз афроди наздик ба Дориға Назарбоева, духтари калонии президент Назарбоев ва муовини сарвазири Қазоқистон ном мебаранд.

Дониёр Ашимбоев, муаллифи китоби “Кто есть кто в Казахстане?”, ки тарҷумаи ҳол ва роҳи карйераи сиёсии элитаҳои Қазоқистонро таҳқиқ мекунад, рӯзи 8 август дар як мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум, Дамиш Досанов аз намояндагони насли нави элитаҳои сиёсии қазоқ аст, ки ба мансабҳои калидӣ роҳ меёбанд.

Дониёр Ашимбоев: Бо вуҷуди синни ҷавонаш, Димаш Досанов алакай тақрибан 12 сол боз дар риштаи нафту газ кор мекунад. Аз ҷумлаи он намояндагони элитаи нав аст, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд. Аз ҷумла, Досанов хатмкардаи Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрикост. Тақрибан ду соли охир дар мақомҳои раҳбарӣ кор мекунад. Курсии мудири кулли “ҚазТрансОйл”, ширкате, ки дар риштаи ҳамлу нақли нафти Қазоқистон мақоми монополистро дорад, баландтарин мақомест, ки Димаш Досанов ба даст меорад. Бархе манобеъ сирри чунин парвози баланди Досановро дар издивоҷаш бо духтари хурдии президент Алия Назарбоева мебинанд. Вале дар ин бора маълумоти расмие нест, албатта.

Радиои Озодӣ: Яъне Димаш Досановро метавон намояндаи он насли наву ҷавони элитаҳои қазоқ номид, ки ба сӯи қуллаҳои қудрат роҳ меҷӯянд?

Дониёр Ашимбоев: Албатта, ин мансаби хеле муҳим аст, вале ин ҳанӯз мансаби хеле калидӣ ва кадом қуллаи қудрат нест. Чунки “ҚазТрансОйл” ба ҳайати ширкати миллии “ҚазМунайГаз” медарояд ва “ҚазМунайГаз” ба навбати худ тобеи Сандуқи “Самрук Хазина” аст ва он аз тарафи худ ба ҳукумат итоат мекунад. Вале ба сурати умум, ҳаракати насли нави элитаҳои сиёсии қазоқ ба сӯи қуллаҳои қудрат шурӯъ шудааст. Дар солҳои охир мо зиёд мебинем, ки кадрҳои ҷавоне, ки тибқи барномаи президентии “Болашақ” дар хориҷ донишгоҳ хондаанд, ва байни ҳамагӣ аз 30 то 40 сол доранд, ба мансабҳои муҳим таъин мешаванд. Аз байни парвардаҳои барномаи “Болашақ” метавон Боирҷон Бойбекро ном бурд, ки соли гузашта, дар синни 41 ҳокими шаҳри Алма-Ато – бузургтарин шаҳри Қазоқистон таъин шуд. Қувандиқ Бишимбоев тоза дар моҳи майи соли равон вазири иқтисоди миллии Қазоқистон таъин шуд. Бишимбоев ҳамагӣ 36-сола аст ва тибқи барномаи “Болашақ” Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрикоро хатм кардааст. Ин раванд идома дорад. Албатта, дар ин раванд ҳам хешутаборбозӣ зиёд дида мешавад, вале ба сурати умум, мо мебинем, ки насли нави ҷавон ва дар хориҷ таҳсилдида батадриҷ рӯи кор меояд.

Радиои Озодӣ: Чун аз нақши робитаҳои хешутаборӣ ва муносибатҳои хонаводагӣ дар сиёсати кадрӣ гуфтед, оё дар бораи муносибатҳои Дамиш Досанов бо Алия Назарбоева чӣ маълумоте дар дасти шумо ҳаст?

Дониёр Ашимбоев: Хабарҳои ғайрирасмие мечарханд, ки Досанов шавҳари духтари хурдии президент аст. Вале то ҳол ман дар ягонҷо надидаам, ки инро расман тасдиқ ё рад карда бошанд. Инҷо, албатта, ин паҳлуи масъала ҳам ҳаст, ки Алия Назарбоева алакай чанд дафъа издивоҷ кардааст ва ба ҷуз аз издивоҷи якуми ӯ бо Ҳайдар Оқоев - писари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон Аскар Оқоев, ки хеле ба сурати густарада дар матбуот мунъакис шуда буд, дар бораи издивоҷҳои баъдии ӯ ягон дафъа ягон маълумоти расмӣ дарҷ нашудааст. Ҳама дар бораи издивоҷи духтари хурдии президент бо Димаш Досанов ғайрирасмӣ сӯҳбат мекунанд, нашри қазоқии маҷаллаи “Forbe’s” ҳатто хабар дод, ки Алия Назарбоева рӯзи 31 май писар таваллуд кардааст, вале маълумоти расмӣ, тасдиқи расмии ин хабар вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG