Пайвандҳои дастрасӣ

“Financial Times” эҳтимоли батадриҷ аз раҳбарии Қазоқистон канор рафтани Нурсултон Назарбоев ва ба дасти “як ниҳоди коллективӣ” гузаштани умури раёсати ин кишварро пешбинӣ мекунад.

Рӯзномаи Financial Times”-и чопи Бритониё дар як матлаб таҳти унвони “Қазоқистони баъди Назарбоев: Боди ислоҳот билохира мевазад?” эҳтимоли батадриҷ аз раҳбариии ин кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ қавии Осиёи Марказӣ канор рафтани раисиҷумҳури кунуниаш Нурсултон Назарбоевро пешбинӣ мекунад. Назарбоев, ки аз моҳи июни соли 1989, инак 27 сол боз бар Қазоқистон раҳбарӣ мекунад, ба синни 77 расидааст ва ба навиштаи “Financial Times”, хоҳ-нохоҳ рӯи шаклу шеваҳои қудрат барои Қазоқистони баъди ӯ андеша меронад.

Муаллифи ин матлаб Камила Ҳейҷланд аз маркази таҳлилии Verisk Maplecroftменависад, баъди 25 соли “суботи сиёсӣ” дар Қазоқистони таҳти султаи Назарбоев эҳтимоли рафтани ӯ сармоягузоронро сахт дар ташвиш андохтааст. Ба ақидаи ӯ, “таҳаввули ҳодисот нишон медиҳад, ки тағйири бунёдие дар низоми идораи Қазоқистон, яъне даст кашидан аз шахсияти қавии раҳбари аввал ва гузаштан ба низоми муштарак ё коллективии раҳбарӣ, ки метавонад як манзараи мураккабтари сиёсиро дар инҷо эҷод кунад, ба чашм мерасад.”

Аъзои хонаводаи Назарбоев

Аъзои хонаводаи Назарбоев

Камила Ҳейҷланд ба мақоми муовини сарвазир овардани духтари президент Дориға Назарбоева ва ба мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шудани бародарзодаи ӯ Самат Абишро аз гаштҳои ҳамин бозии мураккаб барои таъмини гузариш аз низоми яккараҳбарӣ ба низоми раҳбарии муштарак дар Қазоқистон мешуморад ва мегӯяд, “ба мақоми раҳбари аввали кумитаи амнияти миллӣ расидани Самат Абиш метавонад аломате бошад, ки ин гузариш дигар амри ногузир шудааст.”

“Financial Times” аз хориҷ ба Қазоқистон пас овардани сармояҳои марбут ба хонаводаи Назарбоевро низ ҷузъи ҳамин гузариш меномад ва менависад, ки “аъзои ин хонавода бо баргардондани сарватҳои худ мехоҳанд худро ҳамчун “элитаи ватанӣ” қаламдод кунанд ва элитаҳои дигарро бо намунаи худ ба айни кор, яъне ба Қазоқистон баргардондани сармояҳои хориҷиашон ташвиқ кунанд.”

Ба ақидаи муаллиф, як сабаби рӯи “низоми коллективии раҳбарӣ” қарор гирифтани Назарбоев ин аст, ки ӯ ҳатто дар байни хешовандони наздикаш кадом вориси сазовореро дар мақоми “элбасӣ”, яъне “пешвои миллат” намебинад, ки ӯро иваз карда битавонад. Аз сӯи дигар, “раҳбарии коллективӣ” бо таъини аъзои хонаводааш ба мақомҳои калидӣ ва ҷилавгирӣ аз вокуниши имконпазири тарафи муқобил – ҳам аз сӯи нухбагон ва ҳам аз сӯи аҳолӣ – ба таъини як вориси тахт барои таъмини ояндаи клани Назарбоев фоидаҳои худро ҳам дорад.”

Дар маҳофили сиёсии Қазоқистон эҳтимоли гузариш аз низоми яккараҳбарӣ ба раҳбарии коллективӣ дар Қазоқистони баъди Назарбоевро имконпазир мешуморанд, вале мегӯянд, ин танҳо яке аз сенарияҳои таҳти баррасӣ дар дасти Назарбоев ва клани ӯст.

Амирҷон Косанов, сиёсатмадори мухолифи қазоқ рӯзи 9 май дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт:

Амирҷон Косанов

Амирҷон Косанов

Амирҷон Косанов: Ба назари ман, ин яке аз интихобҳост ва он дар шароити Қазоқистон хеле воқеъӣ ҳам ҳаст. Чунки раисиҷумҳури кунунӣ дарк мекунад, ки баъди рафтани ӯ бояд замонатҳое бошад, ки роҳи ӯро идома хоҳанд дод ва чизе ба амнияту дороиҳои аъзои хонаводаи ӯ таҳдид нахоҳад кард. Аммо дар мавриди “раҳбарии коллективӣ” бояд бигӯям, ки ин як чизи беоқибат аст. Чунки ҳатто дар дохили аъзои хонаводаи Назарбоев ихтилофоти фаровон ва бархӯрди зиёди манфиатҳо вуҷуд дорад. Ман гуфта наметавонам, ки ин як хонаводаи хеле тифоқ аст. Раҳбарии коллективӣ бояд сиёсӣ бошад ва унсурҳое, чун тақсими қудрату салоҳиятҳо байни раисиҷумҳури парлумон ва таъсиси як ҳукумати мустақилро дар бар бигирад. Яъне як низоми назорат ва тавозун байни шохаҳои қудрат бошад.

Радиои Озодӣ: Оё аъзои хонаводаи президент Назарбоев тавони идораи умур аз тариқи “раҳбарии коллективӣ”-ро надоранд?

Амирҷон Косанов: Аъзои хонаводаи Назарбоев барои он дар мақомҳои калидӣ нишастаанд, ки раҳбари хонавода президент аст. Вале касе замонат дода наметавонад, ки баъди аз сиёсат канор рафтани Назарбоев ин шароити пуримтиёзи аъзои ин хонавода ҳифз хоҳанд шуд. Ҷомиаи Қазоқистон хеле гуногун аст ва аз лиҳози демократӣ ақибмонда нест. Мардум таҷрубаи табдили қудрат дар кишварҳои мутамаддинро мебинад ва медонад. Аз ин рӯ, ба назари ман, тақсими ҳамаи қудрат дар байни аъзои хонавода як орзуи беоқибат аст. Он ба ҷое намерасад.

Радиои Озодӣ: Вале то куҷо имкон дорад, ки дар Қазоқистон сенарияи дигари маъруф ба “сенарияи Озарбойҷон”-ро, ки қудрат аз падар Ҳайдар Алиев пурра ба писараш Илҳом Алиев гузашт, ба иҷро бигузоранд?

Нурсултон Назарбоев ва духатараш Дориға

Нурсултон Назарбоев ва духатараш Дориға

Амирҷон Косанов: На, аслан на. Ман фикр намекунам, ки ҷомиаи Қазоқистон, нухбагон ва олигархҳои қазоқ, доираҳои тиҷоратӣ ба интиқоли меросии қудрат роҳ бидиҳанд. Вале дар асл дар сари Назарбоев чӣ мегузарад, танҳо Худо медонаду худи Назарбоев.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат, Назарбоев бо назардошти синнаш, ки ба 77 расидааст, ҳатман дар бораи ояндаи тахташ андеша мерондагист, не?

Амирҷон Косанов: Бале, ҳатман. Ва ин фарзияи гузаштан аз яккараҳбарӣ ба “раҳбарии коллективӣ” танҳо яке аз интихобҳост. Бо гузашти вақт хоҳем дид, ки ӯ аз кадом роҳ меравад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG