Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ. Таъини 5 сафири нави Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони нави кишвар дар Қирғизистону Узбакистон, Малайзия ва Кореяву Имороти Муттаҳидаи Арабро таъин кардааст. Ин тағйирот рӯзи 18 май сурат гирифт.

Бар асоси фармонҳои нави раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони нави кишвар дар Қирғизистону Узбакистон, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб таъин шудаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ин тағйирот рӯзи 18 май сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, Суҳроб Олимзода сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин шудааст. Олимзода то ин дам ба ҳайси муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор мекард ва рӯзи 18 май бо амри раисиҷумҳур аз ин мақомаш озод шудааст.

Дар фармони раисиҷумҳур гуфта мешавад, ки Олим Раҳимов, сафири инак собиқи Тоҷикистон дар Қирғизистон "бо сабаби ба нафақа баромаданаш" аз ин вазифа озод гардидааст.

Тибқи фармони дигари раисиҷумҳур, Содиқ Ашурбойзода сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Узбакистон таъин шуда, Муҳаммад Муҳаммадӣ сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардидааст. Сафири собиқи Тоҷикистон дар Узбакистон Музаффар Ҳусейнов дар охири моҳи марти соли ҷорӣ аз ин мақомаш озод ва ҳоло муовини вазири корҳои хориҷист.

Ба ин тартиб, Юсуф Шарифзода сафири Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Баҳодур Шарифӣ намояндаи расмии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб таъин шудаанд.

Аз ин пеш дар охири моҳи марти соли ҷорӣ низ чанде аз сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иваз шуданд. Аз ҷумла, Парвиз Давлатзода - муовини пешини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Чин таъин шуд. Мақоми сафири Тоҷикистон дар Чин аз моҳи январ боз холӣ буд. Сафири собиқ Рашид Олимов баъд аз даҳ соли кораш дар моҳи январи соли ҷорӣ аз ин мақом озод ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуд.

Дар пайи тағйироти кадрии 29 марти Заробиддин Қосимӣ, ки тақрибан як сол пештар ба раъси Оҷонси давлатии "Ховар" омада буд, бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор ва сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин шуд. Инчунин, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҳамзамон намояндаи кишвар дар Арманистон ва Зоҳир Саидов сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин шуданд.

Тағйироти кадрӣ дар мақомҳои баланду миёнаи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ идома дорад. Аммо то кунун ин тағйирот бештар ба ҷойивазкунии ҳамон як гурӯҳи мансабдорони собиқадори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштани онҳо шабоҳат дошт.

Аз пурсарусадотарин мавридҳои таъиноти кадрии имсола интисоби рӯзи 2 феврали додситони кулли собиқ Шерхон Салимзода, аз курсии раиси Иттифоқҳои касаба ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд. Генерал Рустам Назаров, ки 16 сол боз, аз рӯзи таъсиси ин Оҷонсӣ бо ҳамагӣ чанд моҳ фосила дар соли 2004, ки курсии ӯро ба генерали ҳоло зиндонӣ Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) дода буданд, раҳбари ин идора буд, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъин шуд.

Дигар мавриди пурсарусадо дар тағйироти кадрии имсола таъини духтари президент Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 27 январ буд.

XS
SM
MD
LG