Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Немтсовро барои 15 миллион рубл куштаанд?


Акси Борис Немтсов
Акси Борис Немтсов

Кумитаи тафтишотии Русия баҳонаи асосии қатли Борис Немтсовро “ангезаи ғаразнок” номид. Владимир Маркин, намояндаи ин кумита, гуфт, ҷинояткорон “бо ваъдаи қадрдонии пулӣ дар ҳаҷми 15 миллион рубл” аз моҳи сентябри соли 2014 ба сӯиқасд омодагӣ дидаанд.

Ба ин тартиб, Кумитаи тафтишотӣ сабаби қатли сиёсатмадорро бо ангезаҳои бадбинии динӣ беэътибор донист. Маркин гуфт, таҳқиқи панҷ зодаи Чеченистон, ки бо гумони қатли сиёсатмадор боздошт шудаанд, ба охир расида, нисбат ба созмондиҳандаи эҳтимолӣ ва фармоишгари қатл, ки аз ӯ Руслан Муҳиддинов ном бурда мешавад, ҳанӯз тафтишот идома дорад.

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати кунунии Русия ва раҳбари ҳизби ПАРНАС, шаби 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кохи Кремл дар Маскав кушта шуд. Бо гумони қатли ӯ Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темерлан Эскерханов ва Ҳамзат Баҳаев боздошт шудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳ ғоибона созмондиҳандаи эҳтимолии куштор - узви пешини баталони "Шимол"-и Вазорати корҳои дохилии Чеченистон Руслан Муҳиддиновро ба ҳабс гирифт.

Вакилони хонаводаи Немтсов узви дигари баталони мазкур - Руслан Геремеевро ҳам созмондиҳандаи куштор меноманд. Муфаттишон ду дафъа талош кардаанд, ки нисбат ба Геремеев айб эълон кунанд, аммо Кумитаи тафтишотӣ ин айбҳоро рад кард.

Геремеев аз афроди наздик ба доираҳои ҳокими Чеченистон маҳсуб мешавад. Ӯ аз хешовандони наздики муовини сарвазири Чеченистон Адам Делимхонов буда, як бародари ӯ – Сулаймон Геремеев – сенатор аз ҷумҳурии Чеченистон дар Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии порлумони Русия ва бародари дигараш - Ваха Геремеев - сардори идораи пулиси ноҳияи Шелковское мебошанд. Руслан Геремеев баъд аз кушта шудани Немтсов аз Русия фирор кардааст ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар Дубай ба сар мебарад.

Қаблан Лилия Дубовая, сухангӯи пешини Борис Немтсов, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ӯ бо ин фарзияи Кумитаи тафтишот дар бораи фармоишгари асосии қатли Немтсов розӣ нест. “Ман бо духтари Немтсов Жанна комилан розиям, ки Кремлро айбдор мекунад. Аз ибтидо маълум буд, ки агар худи Путин фармоишгари мустақими куштор набошад, пас, бидуни шубҳа, касе ба кадом сабабе ба хулосае расид, ки бо куштори Немтсов Путинро хушҳол хоҳад кард,” – гуфта буд ӯ.

Ҷасади Борис Немтсов дар наздикии Кохи Кремл
Ҷасади Борис Немтсов дар наздикии Кохи Кремл

Борис Немтсов аз сиёсатмадорони маъруфи солҳои 90 дар Русия шинохта мешуд. Немтсов солҳои 1991-1997 волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои 1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд. Немтсовро дар поёни солҳои 90 ҳатто яке аз ворисони эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ном мебурданд.

Аммо интихоби хонаводаи пурнуфузи Елтсин дар масъалаи ворис дар ниҳоят рӯи Владимир Путин, ки он замон ҳанӯз дар як мақоми хурде дар маъмурияти президент кор мекард, қарор гирифт ва Путинро дар як муддати кӯтоҳ ибтидо раиси ФСБ, баъд сарвазир ва дар ниҳоят ба ҷои Елтсин президент карданд.

Баъди ба сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст. Ӯ дар солҳои охир яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор мерафт ва дар бораи фасодзадагии мақомоти баландпояи ин кишвар чандин гузориши муфассал таҳия ва нашр кард. Наздиконаш мегӯянд, Немтсов замоне кушта шуд, ки ба нашри як гузориши муфассал дар бораи даст доштани Русия дар ошӯбҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина омодагӣ мегирифт.

XS
SM
MD
LG