Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбози рақами 1 дар Рио шикаст хӯрд


Теннисбози рақами яки дунё Новак Ҷокович дар нахустин даври мусобиқот дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро шикаст хӯрд ва аз рақобатҳо берун шуд. Ҷоковичро дар Рио теннисбози аргентинӣ Хуан Мартин дел Потро шикаст дод. Гуфтанист, ки дел Потро Ҷоковичро дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон низ дар рақобат барои нишони биринҷӣ мағлуб карда буд. Дел Потро дар раддабандии тенниси ҷаҳонӣ дар мақоми 145 қарор дорад. Ӯ чандин бор банди дасташро ҷарроҳӣ кардааст ва ба ин далел ояндааш дар варзиш зери суол рафта буд. Дар сабқати теннис байни ҷуфтҳои занона дар Рио хоҳарон Венус ва Серена Виллямс низ ба таври ғайриинтизор дар даври аввал шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG