Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Ду занро кушта, ҷасадашонро ба қисмҳо ҷудо кардаанд


Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон се нафарро ба гумони қатли ду зани тоҷик дар Душанбе боздошт кардаанд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 1 август гуфтанд, ки боздоштшудаҳо рӯзҳои 21 ва 27 июли соли ҷорӣ ду духтарро кушта, ҷасадашонро ба қисмҳо ҷудо карда ва баъдан ба дарё партофтаанд. “Ҷасадҳо аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ёфт шуданд,” – гуфтанд дар ВКД.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, се нафари боздоштушда аз 23 то 26 сол дошта ва сокинони ноҳияҳои Восеъ, Варзоб ва шаҳри Душанбе будаанд. “Муайян карда шуд, ки 21 июли 2016 номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини Душанбе дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Неъмат Қарабоев бурдаанд. Баъди муноқиша барои маблағ ӯро ба ҳалокат расонда, сипас, ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.”

Ба иттилои мақомот, ин афрод рӯзи 27 июли соли ҷорӣ дубора “бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расондаанд.” Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбарҳо ба хотири “рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.”

Ҳоло гумонбарон дар ҳабси пешакӣ буда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG