Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони ҷамъиятии қазоқ аз Киев паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд


Дар Қазоқистон Ермек Наримбоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро, ки ба Киев рафтааст, дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доданд. Дар ин бора сомонаи informburo.kz бо истинод ба Манас Туякбоев, сардори Раёсати низоми иҷрои ҷазои ҷиноии Алмаато иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Туякбоев, ҳоло чораҳои ҷустуҷӯии ибтидоӣ идома дошта, дар сурати тасдиқ шудани сафари Наримбоев ба Киев тадбирҳои дахлдор андешида хоҳад шуд. Ҳарчанд худи Наримбоев хориҷ шудан аз кишварро тасдиқ карда, дар Киев нишасти хабариеро низ баргузор намуд.

"Ҳангоми бақайдгирӣ дар шуъба бо ӯ суҳбате анҷом доданд, вале рафтори номуносиб карда ва вазифаи гузоштаи додгоҳ дар наздашро манфӣ қабул намудааст. Вайро ба таври хатти огоҳ карда буданд, ки то анҷоми муҳлати ҷазо ё озод шуданаш набояд қаламрави Қазоқистонро тарк кунад", - иқтибос овардааст informburo.kz аз суханронии Туякбоев.

Ба Украина рафтани Ермек Наримбоев замоне маълум гардид, ки Айдос Содиқов 14 июл аксеро дар саҳифаи фейсбукаш нашр кард. Ин аксро Содиқов ҳамроҳи Наримбоев дар Киев гирифтаанд. Ҳамроҳ бо Ермек Наримбоев фаъоли ҷамъиятии дигар Молдир Одилов низ рафтааст, ки ҳангоми талош барои баргузории тазоҳуроти 21 май дар "масъалаи замин" дастгир шуда буд. Наримбоев ва Одилов дар шаҳри Киев бо баргузории як нишасти хабарӣ эълон карданд, ки ҳуқуқҳояшон дар Қазоқистон поймол мешавад ва мехоҳанд, дар ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кунанд.

Ермек Наримбоев охирҳои соли 2015 барои нашри иқтибосе аз китоби "Шамол аз кӯча"-и Мурод Телибеков дар барангехтани адовати қавмӣ айбдор гардида, зиндонӣ шуд. Вале баъдан ҷазояшро шартан тағйир доданд.

XS
SM
MD
LG