Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван 4 пулис маҷрӯҳ шуд


Дар задухӯрд бо эътирозгарон дар Ереван 4 афсари пулис маҷрӯҳ шудаанд. Никол Пашиниён, вакили ҳизби мухолифи Кунгураи миллии Арманистон рӯзи 19 июл ба хабарнигорон гуфт, издиҳом талош кардааст, то вориди минтақаи мамнӯъ дар назди шӯъбаи пулисе шавад, ки аз сӯи як гурӯҳи силоҳбадаст забт шудааст. Пашиниён ва ду хабарнигор қаблан бо иҷозати пулис бо он силоҳбадастон музокира карда, шароити онҳоро пурсидаанд. Раҳбари пулиси Ереван Ашот Карапетиён гуфт, касе аз эътирозгарон баъди ин даргирӣ дастгир нашудаанд. Як гурӯҳи силоҳбадаст рӯзи 17 июл шӯъбаи пулис дар маҳаллаи Эребуниро ишғол карда, 5 нафарро гаравгон гирифтанд. Онҳо истеъфои раисиҷумҳур Серж Саркисиён ва раҳоии раҳбарашон Жирайр Сефилиёнро талаб доранд. Сефилиён моҳи гузашта бо иттиҳоми қасди ташкили ошӯби мусаллаҳона дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG