Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик боздошт шуд


Генерал Боқир Эркон Ван, фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик, воқеъ дар ҷануби Туркия, рӯзи 17 июл бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ боздошт шуд. Дар ин бора намояндаи ҳукумати Туркия хабар дод. Пойгоҳи Инҷирлик аз сӯи ИМА ва ҳампаймонҳояш аз Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” истифода мешавад.

Ба иттилои шабакаи телевизионии туркии NTV, дар пайи кудатои ноком 34 генерал боздошт шудаааст. Субҳи рӯзи якшанбе ҳангоми тафтиши гарнизони Денизлӣ дар шарқи Туркия генерал Усмон Озабоқир ба ҳабс гирифта шуд. Аз ин пеш фармондеҳони маъруф Эрдол Озтурк ва Адем Худутӣ ҳам дастгир шуда буданд.

Бино ба иттилои ахир, дар Туркия тақрибан 6 ҳазор низомиён ва хизматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуданд. Расонаҳои чопи Туркия рӯзи 7 июл бо такя ба иттилои вазири адлияи Туркия Боқир Боздоғ хабар доданд, ки “поксозӣ” дар ҳайати фармондеҳии артиш ва додгоҳҳо ҳам идома хоҳад кард. Ба гуфтаи вазир, дастури боздошти додрасу додситонҳое, ки дар кудатои шаби 15 июл даст доранд, ироа шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиён дар Туркия 265 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG