Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканории раиси бозори "Шоҳмансур" ва Боғи ҳайвоноти Душанбе


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи рӯзи 11 июл Бахтиёр Лақаев – раҳбари бозори "Шоҳмансур"-и пойтахтро аз мақомаш барканор кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе мегӯяд, ин барканорӣ баъди интиқод аз фаъолияти нокофии раисони бозорҳои пойтахт, бахусус дар остонаи Иди Фитр, сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, шаҳрдор дар ин ҷаласа барои роҳ додан ба камбудҳо дар фаъолияташ мудири Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвонти шаҳри Душанбе" Қурбон Одинаевро низ аз вазифа озод кардааст. Қурбон Одинаев дар ҳоле барканор шудааст, ки тайи ду ҳафтаи охир хабари ҳалокати як хирс ва як шер дар Боғи ҳайвоноти Душанбе дар расонаҳо бозтоб ёфта, сокинон аз чунин бархӯрд норизоятӣ карда буданд. Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи шаҳрдорӣ, инчунин, масъалаҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG