Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор корманди полис дар Балуҷистон


Мақомоти Покистон аз кушта шудани чаҳор корманди полис бар асари як ҳамлаи барқосои гурӯҳи мусаллаҳи ношинос дар ҷанубу ғарби кишвар хабар дод.

Тирандозӣ шоми сешанбе, 28 июн, дар шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистон сурат гирифт. Ҳамлагарон кормандони полисро, ки дар мошин нишаста буда, ҳадафи тир қарор дода, зуд аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Балуҷистон бузургтарин вилояти Покистон аст ва солҳои ахир он ҷо хушунат афзоиш ёфтааст. Гурӯҳҳои хурди ҷудоихоҳ пайваста ба кормандони полис ва хадамоти амниятӣ ҳамла мекунанд, то ҳукуматро барои ироаи ҳаққи бештар ба минтақа аз коркарди захираҳои азими нафту газ дар минтақа водор созанд.

XS
SM
MD
LG