Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди вазири хориҷаи Олмон аз НАТО


Франк-Валтер Штейнмейер
Франк-Валтер Штейнмейер

Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер машқҳои низомии паймони НАТО дар Аврупои шарқиро “таҳрикомез” номида, интиқод кард. Штейнмейер гуфт, “мо бояд имрӯз аз равған рехтан ба оташи вазъ бо садои пои мӯзаҳову таҳрикот худдорӣ кунем.” Вазири хориҷаи Олмон дар мусоҳибае, ки нашрияи “Bild am Sonntag” рӯзи 19 июн нашраш мекунад, гуфт, андешаи бо парадҳои рамзии тонкҳо дар марзҳои шарқӣ тақвият додани амнияти паймони НАТО иштибоҳ аст. НАТО рӯзи 13 июн эълон кард, ки ба манзури рафъи нигаронии ин кишварҳо аз такрори сенарияи ғасби нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия дар Полша, Эстония, Латвия ва Литва баталйонҳои навашро мустақар мекунад. Мақомоти НАТО моҳи оянда дар Варшава бояд нақшаи истиқрори нирӯҳои нав дар марзҳои шарқии паймонро расман тасвиб кунанд.

XS
SM
MD
LG