Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия панҷяки "Роснефт"-ро мефурӯшад


Игор Сечин ва Владимир Путин
Игор Сечин ва Владимир Путин

Русия имкони фурӯши тақрибан панҷяки саҳмияҳои ширкати давлатии “Роснефт” ба “сармоягузорони стратегӣ” ва аз ин роҳ ба даст овардани пулро баррасӣ мекунад, то аз тариқи фурӯши озоди саҳмияҳо. Игор Сечин, мудири “Роснефт” рӯзи 14 июн дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии “Il Sole 24 Ore” гуфт, ин ширкат ба далели мушкилоти иқтисодии Русия, нархи пойини нафт ва таҳримоти иқтисодии Ғарб алайҳи Маскав дар бозорҳои ҷаҳонӣ одилона баҳогузорӣ нашудааст. Ба ҳисоби вазорати иқтисоди Русия, аз фурӯши 19,5 фоизи саҳмияҳои “Роснефт” ҳудуди 700 миллиард рубл, муодили 10,5 миллиард доллар ба даст меояд, ки метавонад ба пӯшондани камбуди буҷаи давлатии Русия кумак кунад. “Роснефт” бузургтарин ширкати нафтии Русия ба шумор рафта, 69,5 дарсади саҳмияҳояш дар дасти давлат аст. Баъди фурӯши панҷяки саҳмаш, боз ҳам 50 дарсади саҳмияҳои “Роснефт” таҳти назорати ҳукумати Русия боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG