Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксар ятимхона ё парваришгоҳҳои Тоҷикистонро фарзандони оилаҳои камбизоат, модарони танҳо ва муҳоҷирони кориву маҳбусон пур кардаанд. Мақомот мегӯянд, ба далели кам будани ятимони кулл (онҳое, ки ҳам падар ва ҳам модар надоранд) ба дархости фарзандхонҳо ё ҷавоби рад дода мешавад, ё ин марҳила хеле тӯл хоҳад кашид. Бошандагони муваққатии хонаи кӯдакон ба фарзандхонӣ дода намешаванд.

Бар асоси иттилои расмӣ, танҳо дар Душанбе шумораи фарзандхонҳо ба 820 нафар расидааст, ки баъзеи ин афрод аз соли 2008 боз дар навбат будаанд. Бархе аз корафтодаҳо низ ин вазъро дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар як сол ҳамагӣ 6 ё 7 кӯдак ба фарзандхонӣ дода мешаваду бас.

Аз 91 кӯдаки парваришгоҳи рақами дуи Душанбе танҳо 1 нафар "кӯдаки маъюби партофташуда" ва боқӣ аз оилаҳои камбизоат будаанд.

Шарифа (номаш иваз шудааст), сокини 40-солаи Хатлон, барои фарзандхонӣ ба чанд дари ятимхона сар зада, аммо ба фарёдаш фарёдрасе пайдо накардааст. Ӯ гуфт, ки аз аввал бо ҳамсараш зиндагии хубу хуш дошт, вале безурётӣ зери бори таънаву маломаташ қарор дода ва пайдо накардани фарзанд аз ятимхонаҳо аз зиндагии хушаш маҳрум намудааст.

"КӮДАКОНИ МАЪЮБРО НАМЕГИРАНД"

Дар солҳои охир ба далели бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкили зиндагӣ теъдоди кӯдакон аз хонаводаҳои фақир дар парваришгоҳҳо афзоиш ёфтааст. Барои мисол, аз ҷумлаи 91 кӯдаки парваришгоҳи рақами дуи Душанбе танҳо 1 нафар “кӯдаки маъюби партофташуда” ҳисоб ёфта, боқӣ фарзандони оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Мавзуна Ниёзова, масъули бахши ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати шаҳри Душанбе, гуфт, дар Хонаҳои кӯдакон ё парваришгоҳҳои пойтахт тақрибан ятими кулл вуҷуд надорад. “Дар Хонаи кӯдакони рақами яки шаҳри Душанбе 31 кӯдаки маъюб ба сар мебаранд, ки падару модарашон аз онҳо даст кашидаанд. 50 нафари дигар фарзандони оилаҳои фақир ҳастанд, ки ба таври муваққат, умдатан барои 6 моҳ дар парваришгоҳ зиндагӣ мекунанд,” – афзуд ӯ.

Ба қавли Мавзуна Ниёзова, оилаҳои бефарзанд аз фарзандхонии кӯдакони маъюб худдорӣ карда, бошандагони муваққатии парваришгоҳ ҳаққи фарзандхон шуданро надоранд: “Зеро падару модари онҳо зинда буда ва баъд аз беҳбуди вазъи молии хонавода фарзандонашонро бозпас хоҳанд гирифт.”

Ҳарчанд дар қонунҳо тағйирот ворид шудаанд, аммо мардум сабукиро эҳсос намекунанд.

Бо ин ҳол, қаҳрамони гузориши мо Шарифа мегӯяд, бар иловаи кам будани ятимони кулл ҷараёни фарзандхонӣ низ дар Тоҷикистон хеле мушкилу тӯлонист. Ӯ гуфт, баъди ҷудо шудан аз ҳамсар як кӯдаки хушовандашро таҳти тарбияи худ гирифта, вале то ҳол натавонистааст аз роҳи қонун ӯро ба фарзандӣ қабул кунад. “Барои фарзандхониву фарзандгирӣ аз одам ҳазор ҳуҷҷат мепурсанд”, - мегӯяд ӯ.

ИСЛОҲИ ЧОР ҚОНУН

Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба 4 қонун тағйирот ворид шуда, ба қавли мақомот, раванди фарзандхонӣ содатар карда хоҳад шуд. Сайвалӣ Қодиров, масъули Вазорати маориф ва илм гуфт, ки “тибқи тағйирот ба қонуни "Боҷи гумрукӣ" боҷи давлатӣ ба ҳангоми пешниҳоди аризаи фарзандхонӣ пардохт намешавад. Бар асоси илова ба "Кодекси мурофиаи гражданӣ" судҳо вазифадор шудаанд, то дар муддати 1 моҳ аризаи фарзандхониро баррасӣ ва ҳал кунанд. Дар "Кодекси оила" низ тартиби бақайдгирӣ ва навбат истодан барои фарзандхонӣ ҷорӣ шуда ва ин салоҳият ба ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст.”

Қодиров афзуд, Вазорати маориф ва илм тарҳи Низомномаи фарзандхониро таҳия карда ва барои баррасию мувофиқат ба идораю вазоратҳо фиристода буд. Ҳоло ин лоиҳа барои баррасӣ ва қабул ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

ҲАНӮЗ КӮДАК МЕФУРӮШАНД...

Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, низ мегӯяд, агарчӣ аз замони ислоҳи қонунҳои марбутаи кишвар беш аз 6 моҳ сипарӣ шудааст, вале вазъият дар самти фарзандхонӣ беҳбуд наёфтааст. Ӯ гуфт, “ҳарчанд дар қонунҳо тағйирот ворид шудаанд, аммо мардум сабукиро эҳсос намекунанд. Зеро чун пештара аз васӣ ва дигар мақомот хулосаҳо зарур аст. Вазъи молии оилаи фарзандхоҳро исбот кардан лозим аст. Яъне, ҳамон проседураи пештара аз байн нарафтааст. Бинобар ин мардум даст ба ҷиноят мезананд, кӯдак мефурӯшанду кӯдак мехаранд.”

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта 25 мавриди хариду фурӯши кӯдаки навзод сабт шудааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, модарон тифлони худро аз 300 сомонӣ то 500 доллар нархгузорӣ кардаанд. Масъулони Комиссияи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, тибқи таҳлилҳо хариду фурӯши кӯдак на ба ҳадафи қочоқ ва узвҳои бадани донорӣ, балки танҳо ба хотири фарзандхонӣ сурат гирифтааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо чор Хонаи кӯдакон ё парваришгоҳ (дар Душанбе ва Хуҷанд) фаъоланд. Дар се соли охир додгоҳҳои кишвар 48 муроҷиати шаҳрвандон барои фарзандхониро рад кардааст, ки ба бовари онҳо имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштаанд.

Бар асоси Кодекси оилаи Тоҷикистон, хонаводае, ки мехоҳад, тифлеро ба фарзандӣ гирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кунад. Инчунин, шахсони мубталои бемориҳои сил, ВИЧ-СПИД ва венерологӣ, афроди муфлис, оворагард, доғи судӣ дошта, бидуни сарпаноҳ ва иҷоранишин ҳаққи фарзандхониро надоранд. Тибқи моддаи 127-и ин санад танҳо сокинони кишвар ҳаққи ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаконро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG