Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳиҷрати занон ба Русия ҳолатҳои партофта шудани атфоли тоҷик дар зоишгоҳ ва ятимхонаҳои ин кишварро бештар кардааст.

Ғолибан занону духтароне аз атфоли худ дар Русия даст мекашидаанд, ки беникоҳ ҳомиладор мешаванд, аз тарси хонавода ва аз шарми ҳамсояҳо ба муҳоҷират рӯ овардаанд.

Меҳмоншо Меҳмоншоев, раҳбари хазинаи «Найди меня, мама», ки 4 сол аст дар Русия ҷиҳати баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳои худ ва ҷилавгирӣ аз зиндаятим шудани атфол фаъолият мебарад, дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, аз 9 нафар зане, ки ҳоло аз сӯйи ин марказ бо ҷойи зисти муваққатӣ таъмин шудаанд кӯмак мегиранд, 3 нафарашон занони тоҷиканд. Онҳо тасмим доштаанд аз навзодони худ рӯй гардонанд. Меҳмоншо Меҳмоншоев, раҳбари созмони «Найди меня мама» дар як мусоҳиба бо "Ояндасоз" гуфт:

Меҳмоншо Меҳмоншоев:«Мақсади хазинаи мо ин аст, ки кӯдак бояд бо модари худ бошад ва барои мо фарқ надорад, ки он зан кадом миллат аст, мо ба ҳама занони ниёзманд кӯмак мерасонем, то атфоли худро ятим нагузоранд. Вақтҳои ахир зиёданд ҳолатҳое, ки дар Тоҷикистон ё Узбакистону Қирғизистон зан ҳомиладор мешавад ва ба Маскав меояд, то ҳамсояву наздиконаш хабар нашаванд ва мехоҳанд кӯдакро инҷо таваллуд кунанд ва партофта баргарданд. Масалан худи ҳамин рӯз боз аз зоишгоҳе ба мо занг зада аз партофтани як навзод хабар доданд. Мо бо ҳар роҳе, ки метавонем, талош мекунем, ки модарон аз фикри худ баргарданд ва кӯдаконашон бо худ бигиранд. Масалан дар муддати ҳамин 4 сол мо тавонистем аз ятим шудани 87 кӯдак ҷилавгирӣ кунем, яъне мусоидат кардем, то 87 кӯдак бо модари худ бимонад.»

"Ояндасоз": Шумо чӣ тавр метавонед мусоидат кунед, то як зан тасмими партофтани навзоди худро тағйир бидиҳаду фарзандашро бо худ бигирад?

Меҳмоншо Меҳмоншоев: «Мо онҳоро муваққатан ним сол бо ҷойи зист ва хӯроку либос ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин мекунем ва имкон медиҳем, то як муддат бо фарзанди худ бошанд. Аввал албатта намехоҳанд, аммо оҳиста оҳиста, вақте равоншиносон бо онҳо кор мебаранду як муддат ин модар бо атфоли худ зиндагӣ мекунанд, аз фикри худ мегарданд ва меҳри модарӣ дар онҳо бедор мешавад. Онҳо пушаймон мешаванд.»

"Ояндасоз": Аммо дар маҷмӯъ сарнавишти ин занон пас аз берун шудан аз маркази шумо чӣ мешавад, розӣ мешаванд бо атфоли худ ба ватан баргарданд ё дар Русия мемонанд?

Меҳмоншо Меҳмоншоев: «Дар таҷрибаи мо бештари чунин занон ба ватан баргаштанд. Мо дар ин самт бо ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамкорӣ кардем ва занонро аз ин тариқ ба ватан фиристодем. Бо хешу табори онҳо сӯҳбат кардем. Филмҳое, ки маҳз дар бораи сарнавишти кӯдаокни ятиму партофташуда таҳия кардаем, ба ин модарон намоиш додем. Хонаводаҳо ҳам онҳоро қабул карданд. Ҳоло боз ин модарон бо мо тамос мегиранд, кӯдакон ҳам калон шуда истодаанд. Дар аввал албатта дар як ҳолати бади равонӣ ҳастанд ин занон ва фикри партофтани кӯдакони худро мекунанд, аммо имкон дорад аксраи онҳо фикри худро тағйир диҳанд. Медонед, зиндагӣ дар муҳоҷират рӯз то рӯз мушкил мешавад, махсусан агар бо тифли хурдсол бошӣ. Ин ҷо ҳатто барои хонаи иҷора гирифтан агар ту ҳамроҳат гурбаву саг дорӣ ҳеҷ мушкиле надорад, аммо агар кӯдак дорӣ аксаран ба тӯ хонаи иҷора намедиҳанд.»

"Ояндасоз": Аслан шумо, ки бо ин гурӯҳи занон кор мебареду сӯҳбатҳо мекунед, ба назаратон чӣ аст сабаби аслии афзоиши чунин ҳодисаҳо, яъне сафар ба Русия барои таваллуд ва партофтани фарзанд?

Меҳмоншо Меҳмоншоев: «Медонед, як сабаби аслӣ шароит ва боз ҳам ҳамин паёмади муҳоҷирати тӯлонии волидон аст. Бубинед, падару модарон фарзандони худро ба тарбияи холаву биби ё дигар хешу табор мегузоранд. Волидон даҳсолаҳо дар муҳоҷират мемонанд ва кӯдакон дур аз онҳо тарбия мегиранд. Кӯдакон меҳру муҳаббати падару модариро намедонанд. Аз сӯйи дигар ҳоло ҷавондухтарони 16 -17-сола ба муҳоҷират меоянд. Бе ягон калон, ва албатта дар ин шароит дар кишвари бузург роҳгум мезананд, фиреб мехуранд...»

"Ояндасоз": Бо кадом роҳ ба назари шумо мешавад аз ин мушкил ҷилавгирӣ кард?

Меҳмоншо Меҳмоншоев: «Бояд ҳарчӣ бештар миёни мардум дар Тоҷикистон кор бурд. Бояд кӯмитаи занҳо фаъол бошанд, бояд онҳо бо дигар созмонҳои кор бо ҷавонону занон кор баранд. Бояд намоиши филмҳо ва сӯҳбату хулоса корҳои амалӣ аз ин падидаҳо ҷилавгирӣ кард. Кӯдакон «ҳаромӣ» намешаванд. Онҳо аслан бегуноҳанд ва набояд барои кадом як гуноҳу худ мо сарнавишти атфоли бегуноҳро бишканем ва аз онҳо даст кашем. Аксаран кӯдакони русе, ки дар ятимхонаҳо тарбия мегиранд солим нестанд, онҳо ба бемории «эпилепсия» ё ягон марзии дигар гирифторанд, аммо кӯдакони муҳоҷирон қариб ҳама солиманд ягон дарде надоранд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG