Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мушкили қочоқи духтарон ба ривояти як филми тасвирӣ


Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ба хотири ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили қочоқи занону духтарон барои танфурӯшӣ филми тасвирии “Ду духтараки хурдакак”-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

Дар ин иртибот бо Абдулфаттоҳ Шафиев, масъули Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, суҳбати кӯтоҳе доштем ва нахуст аз ин филм суол кардем:

Абдулфаттоҳ Шафиев: “Ду духтараки хурдакак” як филми тасвирии кӯтоҳест, ки ахиран дар чаҳорчӯбаи маъракаи густардаи таблиғии ҳамноми ин филм дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ намоиш дода мешавад. Созандагони ин филм талош кардаанд, то дар се дақиқа пайомади зудбоварии ду духтарак ва ба доми қочоқбарон афтодани онҳоро нишон бидиҳанд. Ҳар ду қиссае, ки дар ин филм ба риштаи тасвир кашида шудааст, воқеӣ мебошад ва дар Албания рух додааст. Ин ду духтар ба фиреби афроди шиносу наздики худ меафтанд ва баъдан сарнавишти талх онҳоро ба кӯи танфурӯшӣ дар хиёбонҳои ғурбат мебарад. Аксари қурбониёни қочоқ, мутаассифона, ба ҳамин шева ба доми гуруҳҳои қочоқбар меафтанд ва сарнавишти аксари ин гуна занону духтарон ба мисли ҳамин ду қаҳраомни ин филм мебошад”.

Барот Юсуфӣ: “Ин ду бону ба кадом кишваре қочоқ шуда будаанд?”

Абдулфаттоҳ Шафиев: “Бритониё. Ва ин тарҳ низ аз ҷониби шуморе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои хайриявии бритониёӣ пуштибонӣ ёфтааст”.”

Барот Юсуфӣ: “Оё ин филм ба забонҳои дигар низ тарҷима шудааст?”

Абдулфаттоҳ Шафиев: “Оре, филм то ба имрӯз ба 15 забон тарҷума шудааст. Дар Албания, Мақдуния, Молдова, Булғористон, Босния ва Ҳерзеговин, Сербистон, Литва ва кишвраҳои дигари аврупоӣ шабакаҳои телевизионӣ низ ба пахши филм иқдом кардаанд. Торнамоҳои хабарӣ ва иҷтимоӣ (Ютюб, Фейсбук) танҳо василаи намоиши филм набуда, дар чорабиниҳои гуногун низ он ба намоиш гузошта шуда, ба мактабҳо, ятимхонаҳо ва марказҳои ҷавонон ироа шудааст. Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои муҳоҷирати худ ба хотири баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ аз ин хатар дар интишори филм ва расонидани паёми он ба мардум саҳми худро мегузорад. Аз ин рӯ, тасмим шуд, ки ин филм ба тоҷикӣ низ тарҷума шавад. Аз фурсат истифода бурда мехоҳам ба созандагони ин филм Ruth Beni аз Animage Films, Maggie Baxter ва Holly Baine, аз масъулони тарҳи “Ду духтараки хурдакак”, барои иҷозаи тарҷимаи ин филм ба забони тоҷикӣ ва ироаи он ба ҷомеаи Тоҷикистон сипос мегӯям”.

Барот Юсуфӣ: “Мушкили қочоқи занону духтарон барои танфурӯшӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?”

Абдулфаттоҳ Шафиев: “Бибинед, ин мушкил дар саросари ҷаҳон ҳастӣ дорад. Мушкилест, ки риштаи идорааш дар аксар ҳолат дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ мебошад. Қочоқбарони ҷинсӣ аз ашк ва қисмати талхи занҳо кисаи худро бо миллиардҳо доллар ғафстар мекунанд. Дар пайи ҳар як нафси қонеъшудаи марди харидор зиндагии талху шикаста ва пур аз ҳузни занест, ки ҳар рӯз ва шаб бо хушунат, бадрафторӣ, таҳқир, таҷовуз, ва баъзан марг ҳам рӯбарӯст. Дар ҳоле, ки зани қурбонӣ баҳои ҳама гуфтаҳои боло, ва иловатан, хашму нафрати ҷомеа, хешу табор ва наздиконашро мепардозад, маблағи тани ӯ ба кисаи дигарон меравад, ки баъдан, боз бо ҳамон пул ҷавондухтарон ва занони дигар ба доми фиреб меафтанд.

Махсусан, занону духтарони дониш нагирифта, бе ҷойи кор, бе даромад, бе сарпаноҳ, бе саробон дар ин кӯча осебпазиранд. Ба андешаи ман, ҷомеа ба ҷои накӯҳиши ин занҳо, ки бе ин ҳам на хандаву на лабханди қисматро надидаанд, барои берун бурдани онҳо аз ин мушкил иқдом бигирад ва ҳамчунин, барои духтарон аз қишрҳои осебпазир шароитеро фароҳам биоварад, ки ба ин дом гирифтор нашаванд – ҳунаре биомӯзанд, дониш бигиранд, чун маҳз дониш ва ҳунар аст, ки одамро намегузорад сода бошад ва ҳам барояш ва барои фарзандонаш манбаи даромаде мешавад”.

XS
SM
MD
LG