Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбати дурударози 400 хонаводаи зор ба нохуни фарзанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

300 сомонӣ - ин арзиши як кӯдаки навзодест, ки аз ҷониби модараш дар вилояти Суғд ба як хонаводаи бефарзанд фурӯхта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, таваллуди ин тифл бо фармоиши пешакӣ ва харидуфурӯшаш бо кӯмаки миёнрав сурат гирифтааст. Ҳоли ҳозир модари кӯдакфурӯш ва ҳам зани миёнрав дар кофтукоб қарор доранд ва нисбат ба афроди ҳамдаст дар ин муомила парванда оғоз шудааст.

Чунин мавридҳои муомила бо атфол дар кишвар ягона нест. Танҳо дар соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ 10 ва соли гузашта 25 чунин маврид сабт шудааст, ки модарон тифлони худро аз 300 сомонӣ то ҳазор доллар нархгузорӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин волидон аксаран ба хотири таъмини зиндагии беҳтаре тифлони худро ба оилаи дигар медиҳанд, вале чун аз раванди қонунии фарзандхонӣ хабар надоранд, ин амали онҳо чун қочоқи кӯдак ва ҷиноят сабт мешавад.

Аҳтам Абдуллоев, котиби масъули Комиссияи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон, мегӯяд, таҳлилҳои ин ниҳод баёнгари он аст, ки ҳамаи ин ҳолатҳо на бо ҳадафи кочоқ, балки маҳз ба хотири "фарзандхонӣ" сурат гирифтааст. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, "ягон навзоде, ки объекти харидуфурӯш гардидааст, узви бадани онҳо ба фурӯш гузошта нашудааст ва дигар ҷиноятҳои мудҳиш дар ин робита содир нашудаанд. Аксари кулли онҳо танҳо бо мақсади ба фарзандхонӣ қабул намудан дар оилаҳо ба ин кор даст задаанд. Яъне, ин нафарон аз талаботи қонунгузории кишвар воқиф нестанд."

Аҳтам Абдуллоев гуфт, Комиссияи мубориза бо қочоқи инсон феълан ба натиҷае расидааст, ки раванди қонунии фарзандхонӣ бояд бознигарӣ шавад. Соҳибназарон мегӯянд, ин бозбинӣ бояд тартиби фарзандхониро соддатар кунад, зеро ба ақидаи онҳо, вуҷуди мавридҳои зиёди муомилаҳои ғайриқонунӣ дар заминаи фарзандхонӣ маҳз ба раванди дуру дароз ва мураккаби қоғазбозӣ бастагӣ дорад, ки хонаводаҳои муштоқи фарзандро хаста ва маҷбур мекунад, ба роҳҳои осонтари ғайриқонунӣ бартарӣ диҳанд.

Бону як занест, ки мехоҳад бо гирифтани фарзанд аз ятимхона армони модарӣ бишканад, вале мегӯяд, ҳанӯз ба ин орзуяш нарасидааст. Ин мусоҳиби мо афзуд, "пайваста дар бораи он мешунавем, ки мегӯянд, дар ятимхонаҳо кӯдакон зиёданд ва оилаҳои бефарзанд онҳоро гирифта метавонанд. Худи ман қариб 2 сол аст, ки даводав дорам, аз ин кабинет ба он кабинет. Гоҳе инаш нест, гоҳе чизи дигар. Ҳатто барои як варақро гирифтан гоҳе шудааст, ки 2-3 ҳафта саргардон мешавӣ. Ҳарчанд ман хеле орзу дорам, ки ба фарзандӣ бигирам, вале намедонам, ин мушкилотро то охир тоқат кардан метавонам ё не."

Хонум Бону дар ҳоле аз печидагии раванди санадгузорӣ ба ҳангоми фарзандхонӣ шикоят мебарад, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз як сол пеш содатар кардани тартиби қабул ба фарзандиро пешниҳод карда буд. Зимнан, бар асоси моддаи 127-и Қонуни оилаи Тоҷикистон дар заминаи фарзандхонӣ, ки бори охир дар соли 2006-ум ислоҳ шудааст, танҳо сокинони кишвар ҳаққи ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаконро доранд. Бар асоси ин қонун, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ бигирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро пешниҳод намояд. Дар боби 19-уми Қонуни оила тартиби фарзандхонӣ дар 11 модда баршумурда шудааст, ки бисёриҳо талаботашро беш аз ҳад зиёд ва як монеа дар роҳи фарзандхонӣ мехонанд.

Ҳамин тавр, намояндагони Комиссияи махсуси мақомоти васоят ва парасторӣ бояд оилаи хоҳишманди гирифтани фарзандро хуб омӯзанд. Ин волидайн бояд ҳатман соҳиби ҷойи кор ва манзили шахсӣ бошанд ва пайвандонашон ҳам барои ба фарзандӣ гирифтани тифл ризоият бидиҳанд.
Биҳоҷал Раҳимова, як фаъоли ҳуқуқи зан ва хонавода, мегӯяд, ин қонун кайҳо ниёз ба таҷдид пайдо кардааст: "Агар қонун соддатар мебуду наҳваи фарзандхонӣ чунин печида намешуд, боварӣ дорам, ҳамагӣ роҳи қонунии фарзандгириро интихоб мекарданд. Зеро оилаҳои зиёде ҳастанд, ки ба нохуни кӯдак зоранд. Пас, барои чӣ мо бояд кори онҳоро мушкил намоем? Барои чӣ ин қадар сарсону саргардон шавад, бояд ба ким-куҷоҳо биравад, то ин ки фарзандашро ба оилае бидиҳад, ки назар ба вай аз таъмину нигаҳбонияш беҳтар мебарояд."

Бар пояи омори расмии Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 157 тифл расман ба фарзандӣ қабул кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 маврид бештар аст. Дар ҳамин ҳол, Манзура Саломова, раҳбари Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе мегӯяд, аз соли 2008-ум ба ин сӯ танҳо дар пойтахт наздики 400 оилаи хоҳишманд барои гирифтани фарзанд дар навбат истодаанд. Хонум Саломова мегӯяд, соли гузашта ҳамагӣ 50 нафар ва дар соли ҷорӣ танҳо ба 29 нафар имкони гирифтани фарзанд аз ятимхонаҳо даст додааст. "Модаре, ки фарзанд ба дунё меорад, худро зиёд омода мекунад. Тифлро 9 моҳ дар батни худ нигоҳ медорад. Ба фарзандхонӣ гирифтан низ ҳамин гуна аст, мушкилоти худро дорад. Волидайне, ки воқеан орзуи гирифтани фарзандро доранд, ин раванд набояд барои онҳо монеа эҷод кунад",-афзуд ӯ.

Дар ҳоли ҳозир, танҳо дар 3 ятимхонаи шаҳри Душанбе 918 тифли ятим ба сар мебаранд. 918 кӯдаки маҳрум аз тарбия ва ғамхории падару модар. Дар ҷониби дигар, навбати дурударози чандсолаи 400 хонаводаи зор ба нохуни фарзанд. Ба ақидаи мусоҳибони мо, тартиби фарзандхонӣ дар Тоҷикистон бояд ба гунае таҳрир шавад, ки ин ду ҷониби муштоқро зудтару осонтар ба дидори ҳамдигар бирасонад.
XS
SM
MD
LG