Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон барои будубоши қирғизҳо сабукӣ медиҳад


Қазоқистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ бо Қирғизистонро таҳия кардааст. Бино ба хабари Оҷонсии “Новости-Казахстан”, ин тарҳ дар сурати тасдиқаш ба сокинони Қирғизистон иҷоза хоҳад дод, ки бе қайди расмӣ дар ҳудуди Қазоқистон то як моҳ иқомат кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ин муҳлат аз панҷ рӯз иборат аст. Баъд аз анҷоми ин муҳлат, шаҳрвандони Қирғизистон маҷбур ҳастанд, худро дар Хадамоти бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон сабтином кунанд, вагарна барои будубоши ғайриқонунӣ муҷозот хоҳанд шуд.

Моҳи гузашта Алмазбек Асанбаев, муовини раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон, гуфта буд, ки бар асоси қоидаҳои ЕАЭС Қазоқистон бояд муҳлати будубоши бидуни қайди сокинони Қирғизистонро дар он кишвар зудтар тасвиб кунад. Вале, ба гуфтаи ӯ, ҷониби Остона дар ҳалли ин масъала кашолкорӣ дорад.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, тарҳи иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматии ин кишвар бо Қирғизистон алакай барои имзо омода шудааст.

XS
SM
MD
LG