Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идигул Қосимзода: "Тахассусҳои мардона"-ро аз худ кунед


Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ба занону духтарон пешниҳод кардааст, ки “тахассусҳои мардона”-ро аз худ кунанд. Ин пешниҳоди Қосимзода рӯзи 30 май дар ҷаласае бо ҳузури масъулони донишгоҳҳои кишвар, шӯрои занон ва беш аз 70 донишҷӯдухтари фаъол садо додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, Идигул Қосимзода гуфтааст, ки дар шароити феълӣ мафҳуми тахассуси “мардона” ва “занона” набояд вуҷуд дошта бошад.

Ба ин далел раиси Кумитаи кор бо занон ва оила нақши донишгоҳҳои кишварро барои омӯзиш ва аз худ кардани тахассуси мухталиф барои духтарону занони тоҷик муҳим арзёбӣ кардааст.

Ба таъкиди Идигул Қосимзода, аз худкунии тахассусҳои муҳим, аз ҷумла муҳандисӣ, металлургӣ, информатика ва менеҷмент ба манфиати занону духтарони тоҷик аст. Ин аст, ки Қосимзода ваъда додааст, барои духтароне, ки тахассусҳои мухталифи замонавиро аз худ мекунанд, стипендия хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG