Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Қазоқистон, ки дирӯз дар шаҳри Остона баргузор гардид, масъалаи таъсиси Комиссия оид ба ислоҳоти замин баррасӣ шудааст.

Таъсиси ин комиссияро президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод карда, дар мавриди иҷрои баъзе аз меъёрҳои Кодекси замин моратория эълон намудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон, инчунин дар ин ҷаласа муовини аввали сарвазири ин кишвар Боқидҷон Сагинтаев раиси комиссияи мазкур таъйин шудааст. Сарвазири Қазоқистон Карим Масов кори ин комиссияро муҳим хонда, Вазорати навтаъсиси иттилоот ва иртибототи кишварашро муваззаф кардааст, фаъолияти онро пӯшиш бидиҳад.

Сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон навиштааст, ки ба ҳайати Комиссия оид ба ислоҳоти замин вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои саноатӣ, олимон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил хоҳанд шуд. Инчунин қарор аст, ба ҳайати ин комиссия шӯроҳои ҷамъиятӣ ҷалб шаванд.

Президенти Қазоқистон дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи ҳукумати ин кишвар гуфта буд, ба ислоҳоти Кодекси замин, ки боиси эътирозҳои мардумӣ шуд, моратория эълон мешавад. Назарбоев қарор дар бораи эълони мораторияро бо он пайванд дод, ки нахуст бояд суоли сокинон баррасӣ шавад.

Аз 24 апрел ба ин сӯ дар сартосари Қазоқистон зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин эътирозҳои мардумӣ баргузор гардид. Тағйироти нави Кодекси замин имкон медиҳад, ки дар Қазоқистон хориҷиён заминҳои корамро ба муҳлати тӯлонӣ ба иҷора гиранд.

XS
SM
MD
LG