Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи "Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ"


Рӯзи 11-уми май дар чаҳорчӯбаи нақшаи корӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, маросими ба истифода додани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии "Нуқтаи гӯрукнии партовҳои радиатсионӣ" воқеъ дар ноҳия Файзобод доир шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ ин муассиса, намояндаҳои Академияи илмҳо, азорати корҳои хориҷӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин намояндагони сафорати Амрико дар Тоҷикистон, намояндагони вазорати энергетикаи Амрико ва вазорати энергетика ва тағирёбии иқлими Бритониёи Кабир ширкат доштанд.

Дар ин маросим Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидов, мудири шуъбаи иттилооти академия, ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳои Амрико ва Бритониё суханронӣ намудаанд. Ин лоиҳа аз ҷониби Амрико ва Бритониё дар якҷоягӣ бо ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда ва соли 2015 оғоз ёфт ва моҳи феврали соли ҷорӣ ба анҷом расид.

XS
SM
MD
LG