Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Вера Савченко аз дасти марзбонҳои рус


Вера Савченко
Вера Савченко

Вера Савченко, хоҳари низомии украинӣ Надежда Савченко, рӯзи 28 апрел Русияро тарк намуд. Дар ин бора раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко бо такя ба иттилои консули куллии кишвар дар шаҳри Ростои соҳили Дони Русия дар Твиттер хабар дод.

Шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе марзбонҳои рус ба мошини консулгарии кулли Украина, ки Вера Савченко савори он буд, иҷозаи хуруҷ аз Русияро надоданд ва изҳор намуданд, ки алайҳи ӯ то иттиҳоми таҳқири додгустари шаҳри Грозний парвандаи ҷимноӣ боз шудааст.

Вера Савченко чандин бор бо пуштибонӣ аз хоҳараш, аз ҷумла, дар канори боздоштгоҳи шаҳри Новочеркасски Русия намоишҳои эътирозӣ доир карда буд.

Надежда Савченко рӯзи 21 март бо ҳукми додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия ба 22 соли зиндон ва ҷаримаи 30 ҳазор рубл маҳкум шуд. Ӯ ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии русӣ (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк, сӯиқасд ба ҳаёти наворбардор Виктор Денисов ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия айбдор шудааст. Ҳукми додгоҳ аз 5 апрел қонунӣ шуд.

Надежда Савченко ҳукми додгоҳро қабул надорад ва гуфта буд, ки аз болои он шикоят карданӣ нест.

XS
SM
MD
LG