Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cадри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбарони воломақоми Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби назорат аз созиш оид ба муҳоҷират бо Анкара рӯзи 23 апрел аз марзи миёни Туркияву Сурия дидан мекунанд.

Сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки ин созиш миёни Иттиҳодияи Аврупо оид ба бозгардони паноҳандагон аз Юнон ба Туркия мавриди интиқоди шадид қарор дорад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки созиш ғайрибашарист ва Туркия барои муҳоҷирон ҷойи амне нест.

Туркия ҳушдор додааст, ки агар мавзӯи сафари бидуни раводиди шаҳрвандонаш ба Иттиҳодияи Аврупо ҳал нашавад, иҷрои созиш ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Қарор аст, ки Ангела Меркел аз қароргоҳи паноҳандагон дар шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар марз бо Сурия, дидан ва бо нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфтугӯ кунад. Дар ин мулоқот раиси Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск ва муовини раиси Комиссиюни Аврупо Франс Тиммермэнс ҳам ҳузур хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG